arzon replenishment
Фарзандамро фурӯхтанӣ шудам, вале...
1598

 Дар дунё инсоне нест, ки боре дар зиндагӣ хато накарда бошад, ман ҳам аз ҷумлаи чунин бонувон ҳастам.

Ман низ чандин сол қабл ба як иштибоҳи нобахшиданӣ роҳдода будам. 14 сол пеш шавҳарам вафот карда буданд, он замон ман дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ қарор доштам. Он солҳо мо хонаи худро ҳам надоштем. Мусаллам аст, ки тавлиди фарзанди шашум барои мани бе шавҳару бе хона ташвишу душвориҳои зиёдеро ба бор меовард.

Вақте ба беморхона барои исқоти ҳамл рафтам, табибон маро аз роҳам гардониданӣ шуда, хеле насиҳату сарзаниш карданд. Ба онҳо гуфтам, ки худам нони хӯрдан надорам, аҳволам бад аст, бар замми ин, қарз карда, маъракаҳои шавҳарамро гузаронидам. Яке аз табибон аҳволи маро дида, гуфт ки писар надорад ва агар ман писар таваллуд карда, ба ӯ диҳам, пули калон медиҳад.

Ҳамзамон зан ваъда дод, ки то рӯзи таваллуд карданам маро парасторӣ мекунад. Ба хотири гурусна намондани 5 фарзандам ба ин пешниҳод розӣ шудам. Духтурзан ба ман панҷ ҳазор сомонӣ дод. Ростӣ то рӯзи таваллуд карданам дар як ошхона фаррошӣ ҳам мекардам. Соати таваллуди кӯдак ҳам фаро расид. Ҳамон духтур худаш маро ба беморхона бурд.

Вақти дарди кӯдак Худоро зора мекардам, ки ҷонамро гираду кӯдакфурӯшиамро худам набинам. Аз кори кардаам сахт пугшаймон будам, аммо бо ҳукми тақдир ман духтарча ба дунё овардам. Духтурзан гуфт, ки ба ман писар даркор буд ва духтарамро нагирифт. Ҳамин тавр фарзандам бо худам монд.

Ҳоло Шукрона дастёраки ман асту шукрона мекунам, ки Худо ба ман раҳм кард ва ӯро нафурӯхтам. Баъди ин ҳодиса худам кор карда, қарзи он занро баргардонидам, вале то ҳанӯз ёди мағшуши он рӯзҳо маро тарк намесозанд.

Ф.Р.

Таҳияи Шаҳло 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД