Arzon march 2024
Фарух Зокиров: Қуръон хонда машҳур шудам!
3252

 

“Ялла”-замони Шӯравӣ ин ансамбли эстрадӣ на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар саросари СССР машҳур буд. Чандин насли одамони советӣ зери навою таронаҳои “Ялла” ба воя расидаанд, махсусан таронаҳои “Шаҳри сабз”, “Чойхона” ва “Учқудуқ” вирди забони хурду калон буд.

Давлати абарқудрати Шӯравӣ барҳам хӯрда бошад ҳам, шуҳрати “Ялла” побарҷо монд ва то имрӯз мардум ба ҳунармандони ин ансамбл муҳаббати хоса доранд. Вохӯрии мо бо роҳбари ансамбли овозадори “Ялла” Фаррух Зокиров тасодуфан дар бозор сурат гирифт. Ин марди машҳур ҳар рӯз ба бозор меояд, то барои ҳамсараш гул харад.

-Мардуми эҷодкор як умр аз мансабдорон меноланд. Шумо замоне вазири фарҳанги Ӯзбекистон будед ва тақдири санъату санъаткоронро ҳал мекардед. Ҳамчун эҷодкор ин бароятон осон буд ё душвор?

-Хушбахтона ман аз ин вазифа кайҳо рафтам! (Механдад) Мефаҳмед, донистани мушкилот як чиз будаасту ҳамчун роҳбар қарор баровардан ва масъулияти тақдири дигаронро бар дӯш гирифтан тамоман чизи дигар. Умуман, дар байни мансабдорон ман чун зоғи сафед будам, барои тарзи либоспӯшиам ба ман ҳатто “домод” лақаб ниҳода буданд.

-Наход ягон бор барои курсии мансабро аз даст доданатон афсӯс нахӯрда бошед?

-Танҳо як маротиба афсӯс хӯрдам ва он ҳам ҳангоми баргардонидани мошини хизматӣ бо рақамҳои давлатӣ. Кормандони пулис мошинҳои хизматии вазиронро ҳеҷ гоҳ дар роҳ манъ намекунанд.

-Мансабдорон ба куҷое, ки нараванд, ронанда ва котибаашонро бо худ мебаранд. Ронандаи шумо ҳам одами худатон буд?

-Бо амри тасодуф мошини хизматии маро ҳамон ронандае меронд, ки як умр Фураро, ки дар дохилаш апаратураи ансамли мо буд, ҳангоми сафарҳои хизматӣ меронд. Вай танҳо ҳангоме, ки сахт дар ғазаб мешуд, мошинро аз рӯйи суръати 65 км дар як соат меронд, дар дигар ҳолатҳо танҳо 60 км дар як соат ва танҳо аз тарафи рости роҳ, чуноне, ки дар Фура одат карда буд. Маҷбур мешудам, ки худам сари чанбарак нишинам.

-Аксари санъаткорон бо суръати баланд мошин меронанд ва ин боиси баҳсу мунозираи онҳо бо кормандони ГАИ мешавад. Муносибати шумо бо полиси роҳ чӣ гуна аст?

-Бовар кунед, дар давоми беш аз 20-соли охир ман ягон бор шаҳодатномаи ронандагиамро аз кисаам набаровардаам. Кормандони БДА мошини маро тез-тез нигоҳ медоранд, вале дарҳол узр пурсида мегӯянд, ки танҳо ба хотири як бор дасти Фарух Зокировро фишурдан ин корро карданд.

-Як замон суруди машҳури шумо “Учқудуқ”-ро манъ карда буданд. Чаро?

-Учқудуқ шаҳри пӯшидаи саноатӣ буд. Соли 1980 бо шоир Юрий Энтин ҳангоми сафари ҳунарӣ дар Ӯзбекистон гузорамон ба он ҷо афтоду тахминан пас аз ним соати сайругашт дар Учқудуқ Энтин дар васли ин шаҳр шеъри аҷибе эҷод кард. Ман зуд тавассути гитара ба он оҳанг бастам ва ҳамон бегоҳ онро дар барномаи консертиамон сурудем. Дар консерт яке аз котибони Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Ӯзбекистон низ ҳузур дошт. Вай ин сурудро шунида, бо тааҷҷуб мегӯяд: “Суруд дар бораи Учқудуқ? Охир касе боре дар бораи ин шаҳр ҳатто як мисра шеър нанавишта буд-ку!” Мансабдорон суханони ӯро ба таври худ фаҳмида, минбаъд хондани ин таронаро манъ карданд, аммо баъд аз як сол дар телевизион одамони ҷасуре пайдо шуданд, ки аз ҷонашон натарсида ин сурудро пахш намуданд ва он машҳур гашт. Баъдтар ман бо ҳамон котиби ҳизби коммунист аз наздик шинос шудам ва ӯ гуфт, ки ҳамон вақт бо шунидани “Учқудуқ” ба ваҷд омада буд, на ба хашм, вале ӯро дигар хел фаҳмидаанд.

-Мегӯянд, ки ҳатто замони вазириатон шумо ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат ба тӯю маъракаҳои мардум рафта суруд мехондед?

-Ҳақ асту рост! Дар Ӯзбекистон дар тӯйи мардум хизмат кардан шарафи бузург аст. Одамон барои даъват намудани сарояндаҳои машҳур махсус маблағ ҷамъ мекунанд. Вақте ки маро даъват мекунанд, магар ман ҳақи не гуфтанро дорам?!

-Ҳамкасбону ҳамзамононатон аз Русия кайҳо соҳиби чандин қасру кушкҳои азим гаштаанд. Санъат ба Фарух Зокиров ба ғайр аз шуҳрату маҳбубият боз чӣ дод?

-Миллиардер набошам ҳам, ношукрӣ намекунам. Ҳавлии мо қаср нест албатта, вале барои ману ҳамсарам кифоят мекунад.

-Вақте ки синну соли мардҳои шарқӣ боло меравад, орзуи зани ҷавон мекунанд, хоса агар машҳур ва соҳиби давлату сарват бошанд...

-Мақсадатонро фаҳмидам. Ҳамсарам Анна аз ман 20 сол хурд аст, вале ман аз мастӣ зани ҷавон нагирифтаам. Анна бахти дувуми ман аст. Мутаассифона, бахти аввалам бебарор баромад.

-Сабаби ҷудоиятон чӣ буд: рашк, хиёнат ё талош барои пулу мол?

-На ину на он. Ман муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯйи зани идеалӣ будам. Дар ҳамон шабу рӯзҳо ба гурӯҳи мо зани зебое омад, ки бисёр ҷолиб ва дилкаш менамуд. Яке аз дӯстони наздики ман бо он хонум муносибатҳои романтикӣ оғоз кард. Онҳо ошиқи ҳамдигар буданд, ман бошам аз канор бо ҳавас муносибатҳояшонро назора мекардам. Аз хурсандиашон хурсанд мешудам, мабодо гапашон гурехта монад, зиқ мешудам, чунки зоҳиран онҳо бисёр ҷуфти муносиб ва зебо менамуданд. Вақте масъалаи хонадоршавӣ ба миён омад, волидони рафиқам ду пояшонро ба як мӯза андохта, он духтарро келин кардан нахостанд. Ман ба ҷойи ҷӯраам он духтарро ба занӣ гирифтам, то ки дар байни мардум сархам нашавад, вале дар ҳамон рӯзи никоҳ ҳис кардам, ки хатои бузурге содир намудам. Медонед, мо мисли ду одаме будем, ки аз сайёраҳои гуногун омадаанд. Тавлиди писарам Саид низ натавонист оилаи моро побарҷо нигоҳ дорад, чунки дар байнамон ҳатто як зарра ҳамдигарфаҳмӣ набуд.

-Бо зани дуюматон чӣ хел шинос шудед?

-Тавре ки гуфтам, Анна аз ман 20 сол хурд ва миллаташ рус аст. Соли 1986, вақте ки ба “Ӯзбекконсерт” ба кор омад, вай ҳамагӣ 19-сола буд ва мӯйи дарози ба лаби домонаш баробар дошт. Одатан духтарҳои рус мӯяшонро дароз намекунанд, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки кокули дарози Анна маро мафтун намуд. Вақте ки мо расман аз қайди никоҳ гузаштем, Анна аллакай дар дасташ кӯдаки якунимсола дошт ва он писари хурдии ман Миша буд.

-Тафовути бузурги синнусолӣ дар муносибатҳои шумо монеа эҷод намекард?

-Баръакс, аз Анна хеле калон буданам танҳо ба манфиати ман гашт. Ба назари шумо шояд ин хандаовар намояд, вале тамоми умр ҳамсарам ному насабамро гирифта ба ман муроҷиат кардааст.

-Писарҳоятон чаро роҳи пурифтихори падарро идома надоданд?

-Писари калониам Саид риштаи ҳуқуқи байналмилалиро дар яке аз донишкадаҳои машҳури Англия хатм карда, роҳи тиҷоратро пеш гирифт. Писари хурдиам Миша дар Амрико хондааст, вале ӯ ҳам роҳи бародарашро пеш гирифт. Медонед, санъаткор шудан сарнавишт аст. Худованд, агар аз ибтидо дар пешонаат инро нанавишта бошад, на бо пулу мол ҳофиз мешавию на бо дониш ва тағобозӣ.

-Касоне, ки устухонашон бо нони шӯравӣ шах шудааст, то имрӯз СССР-ро бо ҳасрат ёд мекунанд. Шумо яке аз ҷавонҳои нозпарварди давлати абарқудрати Шӯравӣ будед. Дилатон барои ҳамон замонҳо гум намезанад?

-Дар ҳақиқат замони ҷавонии мо бисёр даврони аҷиб ва шавқовар буд. Дар хотир дорам, боре ҳангоми сафари ҳунариамон ба Сейлон як журналист аз мо суол кард: Дар СССР дин иҷоза дода шудааст ё не? Ҷавоб додем, ки бале, ҳамааш хуб аст, вале бовар накарда гуфт, ки оё аз байни шумоён касе метавонад аз Қуръони карим ягон оят бихонад. Ман бо табассум гуфтам, ки ин ҷо барои қироати сураҳои Қуръон чандон ҷои муносиб нест, вале оллоҳ маро бубахшад. Пас як сураи дарозро аз Қуръон қироат намудам. Қариб буд, ки журналистон аз пой афтанд, Онҳо ҳеҷ бовар карда наметавонистанд, ки як сарояндаи машҳур аз давлате, ки номи Худоро он ҷо ба забон гирифтан манъ аст, сураи Қуръонро мехонад.

Пас аз бозгашт ин ҳодисаро дар телевизиони марказии худамон нақл кардам. Барандаи ТВ бовар накард ва ман маҷбур шудам, ки боз аз китоби муқаддаси Қуръон як сураи дигарро қироат намоям. Ман шояд дар саросари СССР аввалин шахсе будам, ки тавассути телевизион Қуръон хондааст ва субҳи рӯзи дигар чунон машҳур гаштам, ки ногуфтанӣ...

-Чунин ҳодисаҳои аҷиб дар ҳаётатон бисёр рух додагистанд?

-Бале, хотираҳо хеле зиёданд. Ҳангоми яке аз сафарҳои ҳунариамон ба Афғонистони ҷангзада бо бачаҳое, ки нав аз иҷрои амалиётӣ ҳарбӣ баргашта буданд, дар ҳамоми аз корпусҳои ракета сохташуда буғ гирифтем. Дар як сафари дигарамон дар ин кишвар моро ҳатто тирборон карданд. “Ялла”-ро ба қасри президенти Афғонистон Наҷибулло даъват карданду президент ба шарафи омадани мо зиёфати шоҳона орост. Ҳамон рӯз ман ҷашни зодрӯз доштам. Наҷибулло шахсан ба саҳна баромада, маро табрик намуд ва соати дастии зарҳалии «Сэйбол»-ро, ки шишаи хрусталӣ дошт, аз банди дасташ кушода ба дасти ман баст. Ҳайратовараш он буд, ки рӯзи марги Наҷибулло ҳамон соати туҳфакардаи президент худ аз худ аз дасти ман афтида шикаст. Бовар мекунед, он соат пештар ҳам чанд маротиба аз дастам афтида буд, аммо ҳатто шишааш харош намеёфт.

-Шумо бисёр сигор мекашед. Чанд қуттӣ дар як рӯз?

-Ду пачка дар як рӯз. Ман ҳанӯз аз синфи дуюмиам ба сигор одат кардаам. Дар Амрико аз ташхис гузаштам. Духтур вақте фаҳмид, ки ман 50 сол инҷониб сигор мекашам дар ҳайрат монд. Дилатон тамоман нуқсон надошта хуб кор мекунад, гуфт вай ва илова намуд, ки агар шумо сигор намекашидед, шояд 100 сол умр медидед...

Тарҷумаи Шаҳло Ниёзова

Ин мусоҳибаи Сергей Минаев бо Фарух Зокиров чанд чол пеш сурат гирифтааст, вале ба хотири далелҳои аҷиб доштанаш мо онро бо забони тоҷикӣ тарҷума намудем, то мухлисони тоҷикистонии Фарух Зокиров каме ҳам бошад, бо ҳаёт ва дунёи ботинии ҳунарманди писандидаашон ошно гарданд...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД