arzon replenishment
Фариштакампир Қисми 2
1339

                      хххххх

Холаи Саодат аз хонаи ҳамсояаш Шарифа баромада ба мағоза рафт. Ба як қисми пули нафаақааш аз мағоза ширинӣ, суманак, қанду мавиз ва фатирҳои ҳархела гирифта ба хонаи хешашон Сабрина равон шуд.

Сабрина аз шавҳараш бо доду кӯдаки хурдсол бева монда буд. Ҳарчанд дар бозор тоқӣ фурӯхта пайсае ба даст меовард, вале шароити зиндагиаш бисёр душвор буда, кашидани бори гарони рӯзгор барояш вазнинӣ мекард. Маблағи меёфтааш базӯр ба иҷорапуливу қути лоямуд мерасид.

Саодатхола Сабринаро хабар гирифта аз ҳолу аҳволаш пурсон шуд. Келинчак аз хурсандӣ ҷойи шишт намеёфт.

Кампир аз ҷузвдони гулдӯзишудааш сад сомонаеро бароварду ба дасти Сабрина қаппонд. Сабрина ҳарчанд нею нестон кунад ҳам, ба пул эҳтиёҷ дошт ва бо маҷбурсозиҳои Саодатхола пулро гирифта ба ҷайбаш монду аз рухсораҳои нуронии пиразан бӯсид.

 

хххххх

Саодатхола вақте аз хонаи Сабрина баромада аз роҳи калони деҳа мерафт, Умед аз пешорӯяш баромада салому алайк кард.

-Умедҷон! Умедворам, ки ин дафъа маст нестӣ,-нимшӯхию нимҷиддӣ пурсид Саодатхола.

-Холаҷон, қасам мехӯрам, ки арақ нахӯрдаам. Тавба кардам ва қарор додам, ки дигар ҳеҷ гоҳ арақи ҳаромро ба даҳонам намебарам.

-Кори нағз кардӣ бачам! Акнун аз ҳоли модарат ҳам хабар гир. То ҷое медонам, модарат сахт бемор аст.

-Бале холаҷон, ман дигар модарамро танҳо намегузорам. Биёед ҳамроҳи ман равед, охир тани танҳо бо кадом рӯ ба хона меравам?! Модарам оё гуноҳи маро мебахшида бошанд, охир мани майзада тамоми бисоташро ба арақхӯрӣ сарф кардам ва ҳатто сӯяш даст бардоштам.

-Модар дар ҳама ҳолат фарзандашро мебахшад. Пеш даро бачам, ҳозир дукаса назди модарат меравем!

Умед ҳамроҳи Саодатхола назди модараш рафт, вале модар ду чашм ба як нуқта, дигар ҳарфе намезад. Вай дар сакароти мавт қарор дошт. Азобҳои додаи фарзандаш ба ҷонаш кора карда, ӯро тамоман афгор крада буд.

Умед бо оби дидаи шашқатор, сархам назди модар даромад. Ҳоли ӯро диду дилаш реш-реш шуд. Дастонашро гирифта аз модар барои корҳои кардааш бахшиш пурсид.

Модар ба Умед нигариста табассум кард ва оҳиста калааш ба як тараф фаромад. Модари зор ҷон ба ҳақ таслим намуд. Саодатхола аз ин манзараи ҳузнангез ба риққат омада ҳаққу ҳамсояҳоро ба ҷаноза хабар кард.

хххххх

Сабзаҳои гандуми холаи Саодат хеле хуб сабзида аллакай барои пухтани суманак тайёр шуда буданд. Кампир хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳоро барои пухтани суманак ва ҷашн гирифтани Наврӯз даъват кард.

Пеш аз ҷашни Наврӯз ин зани хайрхоҳ ду писарчаи ятимеро, ки хатна нашуда буданд, ба духтур бурда хатна кард. Акнун аҳли деҳа ҳам Наврӯзӣ мекарданду ҳам ба писаракон ба муносибати хатна шуданаш тӯҳфа меоварданд.

Онҳо то саҳар суманак пухта хушҳолӣ карданд. Субҳ келини холаи Саодатро дард гирифту ӯро ба таваллудхонаи шаҳр бурданд. То дам хӯрдани суманак ба ҷашнгирандагони Наврӯз хабар расид, ки келини Саодатхола дугоник таваллуд кардааст. Дар Истаравшани бостонӣ агар дар хонаи навзоде таваллуд шавад, карнайчиҳову доирачиҳо ба хонаи меҳмони нав (кӯдак) омада карнай мекашанд. Карнайнавозон ба хонаи Саодатхола ҳам омада, карнаю сурнай навохтанд. Навои карнай ва сурнай Суманакпазиро шукӯҳи тоза бахшид. Меҳмонони Саодатхола зери навои карнаю доира хуб рақсиданд.

Саодатхола набераҳояшро Наврӯзу Баҳор ном ниҳод. "Хурсандӣ нағз дия. Худоё моро ҳамеша ба хушҳолӣ ва шукргузорӣ расонад" -мегуфт холаи Саодат бо табассуми пур аз меҳр.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД