arzon replenishment
Фариштакампир Қисми 1
1631

 

-Шумо келин шарм намедоред, охир ба баҳори оламафрӯз, ба зиндагии наву дилафрӯз расидед, ғайр аз ин моҳи мубораку шарифи Рамазон ҳам фаро мерасад. Наход дар замиратон ҳоло ҳам кинаву кудурат бошад?!

Мана, бо инояти Худованди меҳрубон мову шумо зиндаву саломат ба ҷашни Наврӯз ҳам расидем. Дар ин айём гузаштагонамон гуноҳони ҳамдигарро мебахшиданд. Дили худро аз кинаву кударат ва ғараз пок карда, соли навро бо ниятҳои нек пешвоз мегирифтанд. Дар иди наврӯз ҳатто одамони хундор, ки моҳҳо қаҳрӣ буданд, бо ҳамдигар оштӣ карда, салому алайк ва аҳволпурсӣ мекарданд. Мо, ки дар замони тинҷу осуда ва сериву пурӣ қарор дорем, набояд барои ҳар майда-чӯйда ин қадар сахт қаҳр карда, бо рафтори беақлонаамро қаҳри худоро биёрем,-Содатхола келини ҳамсояро, ки се моҳ боз бо хушдоманаш қаҳрӣ буд, насиҳат карда, дар айёми баҳору иди наврӯз бо модаршӯяш оштӣ додан мехост.

Келинчак хиҷолатомез ба кампир нигариста, базӯр пичирос зад:-Холаҷон, ман ҳам ҳамин ниятро доштам, аммо аз кори кардаам шарм карда натавонистам бо хушдоманам оштӣ кунам.

-Аз хурдон хатову аз бузургон ато гуфтаанд, агар худат қадами аввалро гузошта назди хушдоманат мерафтӣ, албатта туро мебахшид.

-Росташро гӯям, аввал фикр кардам, ки айби он кас аст ва бояд хушдоманам аз ман бахшиш пурсанд. Кибру ғурурам баландӣ кард, вале баъд дарк кардам, ки ҳамон гапҳои хушдоман ба мо "тренинг"-и оиладорӣ ва сарфаю сартштакории ройгон будааст. Бе маслиҳати хушдоман ва дуои покашон мо дур рафта наметавонистаем. Мана чанд вақт боз ман бо он кас қаҳрӣ бошам ҳам, хушдоманам мудом аз шавҳарам аҳволи маро мепурсидаанд. Мани беақл бошам, фикр мекардам, ки модаршӯям маро ба шавҳарам маро ғайбат мекунанд,- иқрор шуд келинчак...

Ҳамин замон хушдомани Дилдора ҳам аз дар даромада омад. Келинчак шарфаи пойи ӯро фаҳмида даррав вориди хона шуд. Хушдомани Дилдора-Бибӣ Шарифа бо Саодатхола пурсупос карда, ӯро ба хонаи худаш таклиф карданӣ буд, ки Дилдора аз қафои хушдоманаш бо як даста гул омада ӯро ба оғӯш гиирфт ва аз хушдоманаш барои тамоми хатогиҳояш маъзарат хост. Келину хушдоман ҳамдигарро оғӯш карда, гуноҳи якдигарро бахшиданд.

Саодатхола ба ин манзара нигариста худ ба худ мегуфт "Рост мегуфтаанд, ки дар ҳама кори хайр як миёнарав лозим, ана бо ду сухани ман келину хушдоман оштӣ шуданд. Аҷаб кори хайре шуд..."

Дилдора қаноатмандона ба хушдоманаш нигариста мегуфт:

- Модарҷон, пагоз иди Наврӯз аст. Ман бароятон самбусаву қалама ва торт пухта, таомҳои ҳархела мепазам ва дигар ҳаргиз бо шумо қаҳрӣ намешавам.

Шарифа аз тағйир ёфтани келинаш курта-курта гӯшт гирифта гуфт:

-Барака ёбӣ келин! Ҳама нофаҳмӣ ва ҷангу хархашаҳо дар соли кӯҳна монд. Акнун дар соли нав бо меҳру муҳаббат зиндагиро оғоз мекунем!

Давом дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД