Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 19 ва 23-сола дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия идома дорад. Дар рӯзи панҷуми мусобиқа 2 муштзани тоҷик ҳунарнамоӣ карданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, миёни муштзанҳои 19-сола Фариноз Абдуллоева дар вазни 54 кг дар даври аввал бо намояндаи Қирғизистон Ширин Турсалиева нерӯсанҷӣ намуда, бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 музаффарият ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд.
Дар вазни то 57 кг Зарифа Ҳасанова бо намояндаи Қирғизистон Нурпари Макешова қувваозмоӣ карда, бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4:1 мағлуб шуд.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзи якуми мусобиқа миёни муштзанҳои то 19-сола Тоҷикистон намоянда надошт. Дар рӯзи дуюми мусобиқа миёни муштзанҳои 23-сола Бибинишастамо Холова (57 кг) ва Дамир Муйбалихонов (60 кг) намояндаҳои кишвари мо буданд.
Бибинишастамо Холова дар вазни 57 кг дар даври аввал бо намояндаи Ҷопон - Рико Ямада сабқат карда, бо қарори доварон бо ҳисоби 4:0 мувоҷеҳи шикаст шуд. Дар вазни то 60 кг Дамир Муйбалихонов бо намояндаи Қазоқистон Тулебек Нурассюл дар даври аввал рӯ ба рӯ шуда, бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4:1 мағлуб гардид.
Дар рӯзи сеюми мусобиқа Тоҷикистонро миёни муштзанҳои 19-сола Аъзамҷон Ҳасанов, Шарифхон Нуралиев ва Бахтовар Усмонов намояндагӣ карданд.
Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни то 50 кг дар даври аввал бо намояндаи Қазоқистон Асканбай сабқат намуда, дар раунди дуюм тариқи нокаут шикаст хӯрд.
Дар вазни то 60 кг Шарифхон Нуралиев бо намояндаи Филиппин Кайтуна Вюндел дар даври аввал нерӯ санҷид. Дар ин сабқат пирӯзӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 насиби намояндаи кишвари мо - Шарифхон Нуралиев гардид. Бо ин ғалаба Шарифхон ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳхат гирифт.
Бахтовар Усмонов дар вазни то 50 кг бо намояндаи Қазоқистон Нуркожа нерӯсанҷӣ карда, дар раунди дуюм тариқи нокаут мувоҷеҳи шикаст гардид.
Дар рӯзи чаҳоруми мусобиқа миёни муштзанҳои 23-сола Ҳангома Исоева дар вазни то 60 кг Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, дар даври аввал бо намояндаи Ҷопон Сарии Кокуфу сабқат карда, мағлуб шуд.
Муштзанҳои дигари тоҷик дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ рӯзи 11-уми июл рақобатҳоро идома медиҳанд. Шарифхон Нуралиев дар вазни то 60 кг бо намояндаи Ҳиндустон Сикандер нерӯ месанҷад. Муҳаммад Мамадалиев дар вазни 70 кг бо намояндаи Ӯзбекистон Саидхуҷа Садиллохуҷаев барои роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ мубориза мебарад. Хуҷамуминҷон Холов дар вазни 80 кг бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Парк Сеҳун дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ нерӯ месанҷад.
Ёдовар мешавем, ки аз 3-юм то 16-уми июл шаҳри Ҷакартаи Индонезия мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 19 ва 23 сола аст. Ҳайати бокси Тоҷикистонро дар мусобиқа 11 муштзан ташкил медиҳанд.Фариноз Абдуллоева ба ҳайси парчамбардори Тоҷикистон дар маросими расмии ифтитоҳи мусобиқа иштирок кард. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 19 ва 23-сола, 430 варзишгар аз 26 кишвари қора ҳунарнамоӣ доранд.