Давраи кӯдакии Фарид дар Душанбе гузаштааст. Соли 1985 волидонаш аз Бадахшон ба пойтахт кӯчида омада буданд, ки ӯ он замон 3 - моҳа буд.
Ба баёни ӯ, давраи Шӯравӣ мисли афсона буд. Фарид ба гурӯҳи русӣ ба боғча мерафту баъдтар ба мактаб. Барояш то синфи 2 ҳама чиз хуб буд, ҳатто тавонист узви созмони ибтидоии онвақта “Октябр” шавад.
Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ манзили истиқоматиашон корношоям шуд ва онҳо дар манзилҳои иҷора умр ба сар мебурданд ва зуд-зуд кӯч мебастанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, Фарид дар мактаби миёна хуб таҳсил мекард. Ниҳоят, баъд аз хатми мактаб, соли 2003 ба Маскав рафта, бо бародараш ба ҳайси борбардор кор кард.
“Ба модарам қасам хӯрдам, ки ба Маскав ба назди бародарам меравам ва барои хона хариданаш пул кор мекунем”,-ёд меорад Фарид.
Фарид гуфт, ки барои зуд ба ҳадаф расидан ва ба модараш хона харидан рӯзе 30 рубл барои хӯрдан сарф мекард. Нимта нон ва “доширак”, ё ду булка ва кефир буд. Ҳамаи воситаҳоро истифода мебурд, то пул ҷамъ намояд. Вай, инчунин, ба корҳои дигар (халтура) машғул мешуд (ба сифати экспедитор ба бозорҳо мерафт, мол медод ва пулҳои ширкатро ҷамъ мекард). Фарид кӯшиш мекард, ки дар ҷойи имконпазир фоидае ба даст орад.
"Дар пойгоҳ ширкатҳое буданд, ки бо сабабҳои миллӣ ва динӣ бо ҳам дустӣ надоранд. Дар байни онҳо миёнарав шуда, дар як рӯз то 800 доллар ба даст овардам. Соҳибони ширкатҳоеро медидам, ки аз Сурия омадаанд, забони русиро хуб намедонанд, вале тиҷорати хуб доранд. Ҳайрон мешудам, ки онҳо чӣ тавр ин корро карда метавонанд?”, - гуфт ӯ.
Пас аз як солу 9 моҳ Фарид ба модараш манзили деринтизорашро дар Душанбе харид. Барои бародари хурдиаш мароисим хатна орост ва баъдан дарк кард, ки мехоҳад дар Русия зиндагӣ кунаду ба ҳадафҳои аз ин ҳам бузургтар расад.
“Ба зудӣ дар Русия тиҷорати хурди мошинро оғоз кардам. Баъд ба ҷамъияти тоҷикони Русия шомил шудам, андешаҳоямро пешниҳод кардам ва мехостам муфид бошад. Дар он ҷо бо як бача вохӯрдам, ки симкорт мефурӯхт. Дар тавозунаш 360 рубл буд. Пурсидам, ки он чӣ фоида дорад? Ӯ гуфт, ки ин 360 рублро оператор ба корхона медиҳад ва баъди 4—5 моҳи дигар 30—40 фоизи маблағи умумии сарфкардаи муштариро. Ман қарор додам, ки ин тиҷорати хуб аст ва бояд аз пайи ин кор шавам”, - нақл кард ӯ.
Ҳамин тавр, онҳо ҶДММ “Коннект”-ро таъсис доданд ва Фарид тавонист бо кормандони Beeline мулоқот кунад.
“Онҳо маро гӯш карданд, хандиданд ва гуфтанд, ки занг хоҳанд зад, аммо баъди чанде занг зада, пешниҳод карданд, ки маро ба кор мегиранд. Ба ман пешниҳод карданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунам. Бо хушнудӣ розӣ шудам ва ба кор даромадам, ба тамоми минтақаҳо сафар карда, нуқтаҳои фурӯши симкортҳоро бо тарофаҳои муҳоҷирон ташкил кардам. Пас аз 2-3 сол базаи дорои 30 000 муштарӣ ва комиссияи он замон 750 ҳазор рубл (25 ҳазор доллар) доштам”,-нақл кард ин тоҷири муваффақ.
Маҳз ҳамин соҳа ба соҳибкори ҷавон кӯмак кард, ки миллиони худро ба даст орад. Ӯ тақрибан то соли 2017 дар ин самт кор кардааст. Сипас, Фарид бо як дӯсташ маркази шиноснома ва раводиди “Профдок” кушод, ки баъдтар бомуваффақият фурӯхта шуд. Сармоягузорӣ ба cryptocurrency дар соли 2016 низ дар рушди дороиш нақши муҳим бозид.
Ҳоло Фарид Чакабоев директори генералии ҶДММ “ЧиГап” дар Русия аст. Ин ширкат дар ҳамкорӣ бо ҶСП “Индиго Тоҷикистон” таҳти тамғаи молии Tcell фаъолият мекунад.
"Мо маҳсулоте месозем, ки ба ҳамватанонамон дар муошират бо хешовандон ва дӯстон кӯмак мекунад”,-иброз дошт Фарид.
Фарид аз 27 кишвари дунё дидан кардааст. Вай зуд-зуд саёҳат мекунад ва тавонист ба худ як манзил дар як минтақаи элитаи Маскав, як қатор биноҳои тиҷоратӣ, инчунин ду манзил дар Дубай ва мошинҳои варзишӣ бихарад.
- Ба соҳибкорони хоҳишманд дар Русия чӣ тавсия медиҳед?
- Ман тавсия медиҳам, ки ҷавонон, новобаста аз кишвари иқоматашон, саводи молиявиро омӯзанд. Китобҳои асосӣ: "Падари сарватманд - падари камбағал" (Роберт Киосаки) ва “Бойтарин одами Вавилон”-ро хонанд. Сифати зиндагӣ аз сифати саволҳое, ки мо ба худамон медиҳем, вобаста аст. Масалан, мисли ман: “Чаро як нафар аз Сурия тавонист дар Русия тиҷорат кунад ва ман, ки дар СССР зиндагӣ мекардам, забони русиро ҳамчун забони модарӣ медонам, чун борбардор кор мекунам, чӣ гуна тиҷорат кунам? Чӣ тавр ман метавонам соҳиби тиҷорат шавам? Пас саволҳои дуруст диҳед!
Ман боварӣ дорам, ҳар кас метавонад чӣ гуна нафаре, ки мехоҳад, шавад. Чизи асосӣ ин аст, ки дар назди худ мақсад гузоред ва дониши лозима гиред. Худро бо одамоне иҳота кунед, ки ҳадафҳои дуруст доранд, онҳо ба сӯи муваффақият мераванд ва он гоҳ ҳама чиз мешавад.
Аз идора: Матлаб аз портали "Андеша-Медиа" тарҷума шудааст