Sebiston new 2024 october
Фарқи ҷин ва шайтон дар чист?
1253
no-img


Дар бораи ҷину шайтон бисёр мегӯянд ва дини мубини ислом ҳам мавҷудияти ин махлуқотро тасдиқ намудааст, вале ростӣ ман тафоути онҳоро аз ҳамдигар намедонам. Мегуфтед, ки Шайтон аз ҷин бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад?
Аҳлиддин, хонандаи “Оила”.

              Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
Бародари азиз, ҷинҳо мавҷудоте ҳастанд, ки аз оташ офарида шудаанд ва қудрати ба ҳар шакл тағйир додани худро доранд. Онҳо аз назари инсонҳо пўшидаанд, бинобар ин, бо номи ҷин номгузорӣ шудаанд. Баъзе ҷинҳо мусулмонанд ва баъзе дигар кофиранд. Шайтон низ аз қабилаи ҷин аст ва он махлуқи нофармони саркаш буда, моломол аз шарорату макру найранг аст. Шайтон душмани инсон аст ва ҳадафаш аз роҳи ҳақ берун кардану гумроҳ намудани фарзанди одам мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД