Фарҳанги тоҷик дар Қатар
14.02.2026
Oila.tj
44

Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳафтаи равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар баргузор гашт.

Манбаъ меафзояд, ки дар маросими мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатарро самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии кишварҳо арзёбӣ кард.

Гуфта мешавад, ки дар ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ иштирок намуда, ба фарҳангу санъати тоҷик аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода мешавад, ки барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар, ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии “Зебо” ва “Парасту” пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар толори Вазорати фарҳанги Қатар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, саноеи дастӣ, маҳсулоти гуногун, намоиши мусаввараву аксҳо, ки таъриху фараҳанг, урфу одат, дастовардҳои замони Истиқлол ва табиати зебои диёрамонро таҷассум менамоянд, ба намоиш гузошта шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД