Имрӯз яке аз сарояндагони ҷавону боистеъдоди тоҷик Фараҳманд Каримов ҷашни милод дорад.
Фараҳманд Каримов аз зумраи он сарояндагони хушовози кишвар аст, ки бо сурудҳои дилнишинаш дар дили хурду калон маъво гирифтааст. Ин ҷавони соҳибҳунар 26- майи соли 1996 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд шудаст. Фараҳманд аввалин қадамҳои худро ба ҷодаи санъат соли 2017 гузошта, тавонист бо суруду таронаҳои дилнишинаш дар як муддати кӯтоҳ мухлисони зиёде пайдо намояд.
Фараҳманд Каримов зимни сӯҳбат бо мо қайд кард, ки аввалин шуда падараш имрӯз ӯро бо ҷашни зодрӯзаш табрик намудааст. Ин ҳунарманди ҷавон мегӯяд, рӯзона зодрӯзашро бо дӯстону ҳамкасбонаш ҷашн мегирад ва бегоҳ дар ҳалқаи аҳли хонавода.
Ёдрас мешавем, ки Фараҳманд Каримов санаи 5- августи соли 2022 бо дӯстдоштааш оиладор шуд, вале ҳанӯз фарзанд надорад.
Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи маҳбуб санаи 18-уми март соли 2023 соати 13:00 дар Кохи Суруш таҳти унвони “Бишнав аз най....” консерт баргузор карда буд. Ин маҳфили зебои ҳунарӣ бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз баргузор гашта, Фараҳманд ба мухлисонаш дастагули таронаҳои навашро пешкаш кард.
Ин сарояндаи маҳбуб охирин клиптаронаи худро санаи 23-уми феврал бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ бо номи “Сарбози ишқ”дар Ютуб-канали худ пешкаши мухлисонаш гардонид, ки то имрӯз зиёда аз 1,7 миллион нафар онро тамошо кардаанд.
Мо сарояндаи боистеъдод Фараҳманд Каримовро аз номи аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ бо ҷашни зодрӯзаш сидқан муборакбод гуфта, барояш тани сиҳату умри дароз ва дар корҳои эҷодиаш бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоем. Умедворем, ки Фараҳманд Каримов бо сурудҳои дилнишинаш дар оянда қуллаҳои аз ин ҳам баландтари санъатро фатҳ хоҳад кард.