arzon replenishment
Фараҳманд Каримов аз хиёнати дӯстон менолад ё...?
1128



Фараҳманд Каримов яке аз сарояндаҳои умедбахши тоҷик мебошад, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда, бо сурудҳои ҷаззобу дилнишини худ дар дили хурду калон маъво гирифтааст.

Таронаҳои ин сарояндаи хушовозро дар ютуб дар як муддати хеле кӯтоҳ миллионҳо нафар тамошо карда, баҳои баланд медиҳанд. Ин сарояндаи ҷавони тоҷикро натанҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷи мамлакат низ аллакай хуб мешиносанд. Мухлисони Фараҳманд Каримов махсусан дар Узбекистон ва Туркия хеле зиёданд.
Пас аз оиладор шуданаш Фараҳманд муддате хомӯшӣ ихтиёр намуда буд, вале инак боз як таронаи навашро дар ютуб- канали худ бо номи “ Ҳиммати офтоб “ пешкаши мухлисони савту нав гардонд. Бисёре аз таронаҳои Фараҳманд ба мавзӯи ишқу ошиқӣ бахшида шудаанд, аммо таронаи наваш дар бораи хиёнати дӯстон буда бо чунин мисраҳо оғоз меёбад:
Аз душманон барем шикоят ба дӯстон,
Чун дӯст душман аст, шикоят куҷо барем?
Лаҳзае гуфтам Худоё, душманонамро бикуш,
Ман намедонам рафиқонам чаро ҷон бохтанд.

Дӯст гуфтам, даст додам ҳамчу дӯст,
Ҳар чи гуфт бо ҷон бигуфтам, ки накуст,
Лек рӯзе ханҷаре дидам ба пушт
Гуфтам ин ханҷар зӣ кист? Гуфтан аз ӯст.

Фараҳманд Каримов зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки ин суруд қисман дарди дили худи сароянда буда, онро бо каме обуранг манзури мухлисонаш гардонидаат, зеро дар ҷомеаи имрӯза хиёнати дӯстон зиёд ба чашм мерасад.
“Суруди “ Ҳиммати офтоб” аслан ба қалами устод Озарахш тааллуқ дорад, вале баъзе аз мисраҳояш халқианд”-мегӯяд Фараҳманд.
Ёдовар мешавем, ки Фараҳманд Каримов санаи 5- августи соли 2022 бо дӯстдоштааш оиладор шуд. Пас аз оиладор шуданаш ин якумин тарона аст, ки Фараҳманд пешкаши мухлисонаш гардонид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД