Суди ноҳияи Ёвон сармуҳосиби Маркази стоматологии ин ноҳияро Шуҳратҷон Ашӯровро ба 9 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои Прократураи генералӣ Ашуров Шуҳратҷон, сармуҳосиби Маркази стоматологии ноҳияи Ёвон, аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи апрели соли 2020 иловатан вазифаи хазинадорро иҷро карда, дар моҳи сентябри соли 2018 як миқдор маблағро ба фоидаи худаш истифода кардааст.
“Ӯ бо ин амалҳои худ 218 ҳазору 248 сомонии ба хазина воридшударо азонихуд намуда, ба Марказ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”, - омадааст дар хабари Прокуратура.
Прокурори вилояти Хатлон нисбати Ашуров Ш.М. бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол намудааст.
Суди ноҳияи Ёвон парвандаи Ашуровро баррасӣ карда, ӯро ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр карда, ба мӯҳлати 3 сол аз ҳаққи фаъолияти муҳосибӣ маҳрум намудааст.
Маҳкумшуда инчунин вазифдор шудааст, ки зарари расондаашро ба андозаи 218 ҳазору 248 сомонӣ ба Маркази стоматологияи ноҳияи Ёвон барқарор кунад.