Тобистон яке аз зеботарин фаслҳои сол мебошад. Дар ин аёми гарму роҳатбахш меваю сабзавоти тару тоза пухта мерасанд ва дил мехоҳад дар канори рӯду каналу дарёҳои мусаффо фароғат намуда, табъи дил оббозию хушҳолӣ намоӣ, аммо баъзан дамгирии тобистона боиси сар задани ҳар гуна нохушиҳо мегардад.Яке аз фоҷиаҳои талхи тобистона ғарқ шудани одамон ҳангоми оббозӣ дар рудхона ва дарё ву обанбор мебошад...
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сар задани як фоҷиаи талху тақдирсӯз дар ноҳияи Ёвон хабар додааст. Тавре ки манбаъ менависад, рӯзи 21-уми августи соли равон, тахминан соатҳои 12:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расидааст, ки як писараки 9-солаи сокини деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳа ғарқ шудааст. Ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фиристода шуд, вале то намози шом корҳои ҷустуҷӯӣ идома ёфта бошанд ҳам, ягон мурод ҳосил нашуд. Субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд, вале ҷасади писарак то ҳл ёфт нашудааст.
Дар робита бо ин фоҷиаи талх Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз падарону модарон хоҳиш мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Бахусус, дар соҳили обанбор ва дарёву каналҳо бачаҳоро ҳатман ҳамроҳӣ намоед, то ба фалокате гирифтор нагарданд. Фаромӯш накунед, ки фсилаи байни маргу зиндагӣ ҳамагӣ як қадам аст!