Sebiston new 2024 october
Ёвон: Хушунатро решакан мекунем
820

 

Таҳти шиори «Қувваи ман ба зуроварӣ нест» мусобиқае бахшида ба “16 рӯзи мубориза зидди хушунат”, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ноҳияи Ёвон баргузор гашт.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ пешгирии хушунати хонаводагӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби мардону писарон ба коҳиши хушунат алайҳи занону духтарон мебошад, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, дафтари Созмони Миллали Муттаҳид, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, гурӯҳҳои ҷавонон ва фаъолони санъат иштирок доштанд.

1IMG_9777 

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, баргузор намудани 40 маъракаҳои гуногун дар соли ҷорӣ бо дастгирии ниҳодҳои СММ, шарикони байналмилалӣ, намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ВАО ба нақша гирифта шудааст, ки дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ гузаронида мешаванд.

IMG_9774

Spotlight яке аз шарикони боэътимод ва бисёрсола миёни ИА ва СММ мебошад, ки барои аз байн бурдани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон мебошад, ки дар Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2023 бо ҳадафи аз ҳуқуқи худ ба зиндагии бидуни хушунат бархурдор шудани занон ва духтарон амал мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД