Sebiston new 2024 october
Эҳтимоли ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ вуҷуд дорад
401

Норасоии неруи барқ ҳамасола мушкилоти зиёдеро ба бор оварда, боиси дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли қувваи барқ барои аҳолӣ мегардад. Маъмулан масъулини соҳа ҷорӣ шудани реҷаи “лимит”-и барқро ба кам шудани сатҳи об рабт медиҳанд. Бар асари боришоти зиёди ахир айни замон об ба сатҳи зарурӣ баланд шудааст. Оё “лимит”-и барқ барҳам мехӯрад?

Дар посух ба ин саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj масъулини “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки дар ҳақиқат об ба сатҳи зарурӣ баланд шуда, айни замон мушкили норасоии неруи барқ вуҷуд надорад. Аммо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон талабот ба неруи барқ зиёд мешавад ва зарурати аз меъёр бештар истифода бурдани об ба миён меояд. Аз ҳамин хотир дар сурати дубора паст шудани сатҳи об ва ба миён омадани мушкили норасоии неруи барқ эҳтимоли ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ вуҷуд дорад.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, то замоне, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба пуррагӣ ба фаъолият сар накунад, мушкили норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Танҳо “Роғун” метавонад ин мушкилиро ба пуррагӣ аз миён бардорад.

Лозим ба ёдоварист, ки имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи барқи Осиёи Миёна пайваст шуд ва имконияти харидани неруи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя вуҷуд дорад, вале ҳанӯз маълум нест, ки барқро бо чӣ қимате ба мо пешниҳод мекунанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 НБО-и “Норак” 4882, 3 кВт/соат барқ истеҳсол намудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 248,1 кВт/соат камтар аст. Истеҳсоли неруи барқ дар НБО “Бойғозӣ” ва НБО “Варзоб” низ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 камтар шудааст. Масъулини “Барқи тоҷик” сабаби кам шудани истеҳсоли неруи барқро ба коҳиш ёфтани талабот ба барқ дар фасли тобистон рабт медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД