Formula novemver 2024
Эҳтиёт шавед, сел меояд!
481

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз хатари омадани сел хабар додааст. Ин ниҳод дар такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар навиштааст, ки ин шабу рӯз махсусан дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари боридани боронҳои шадид ва омадани сел хеле зиёд аст.

Ба иттилои манбаъ, бар асари боришоти шадиди борон оби дарёҳо ба минтақаҳои нисбатан паст фаромада, заминҳои кишоварзӣ зери об монда метавонанд. Хатари қитъаҳои роҳҳоро шустани сел низ вуҷуд дорад. Офати табиӣ метавонад барои бехатарии пулҳо низ хатар эҷод намояд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки дар ин рӯзҳо аз сайругашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.

“Ба бачаҳо бояд диққати ҷиддӣ дода шавад. Онҳоро набояд гузошт тани танҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии зироати кишварзӣ ва ё моҳидорӣ раванд”,- навиштааст манбаъ.

КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ тавсия додааст, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД