Баҳори имсола сербориш омад. Ҳафтае нест, ки дар ин ё он минтақа борони сел борида, ба хоҷагии халқ зиён нарасонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ сокинони кишварро огоҳ намудааст, ки эҳтиёт бошанд, зеро ҳафтаи равон боз боридани борони сел имкон дорад.
“Дар як қатор ноҳияҳои қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад”-иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар.
Бо дарназардошти вазъи номусоиди боду ҳаво ва боришоти шадид кумита аз сокинони мамлакат хоҳиш намудааст, ки ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ ва гаштугузор дар соҳили обанбору дарёҳо эҳтиёт бошанд.
Ҷӯйбор ва наҳрҳоро тоза кунед, то бар асари боришоти сахт ифлосиҳои ҷамъшуда боиси сар задани ҳар гуна фалокатҳо нагарданд.
Ёдрас мешавем, ки бар асари боришоти шадиди моҳи май аҳолӣ зарари зиёди молӣ дида, бар баъзе минтақаҳо хонаҳо қисман ё пурра вайрон шуданд, сел чорво ва ашёҳои рӯзгори мардумро шуста бурд ва баъзеҳо ҷони худро дар ин офатҳои табиӣ аз даст доданд. Аз ҳамин хотир аз падару модарон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки фарзандони хурдсоли худро бе назорат нагузоранд ва аз офатҳои табиӣ эҳтиёт бошанд.
Ф. Сатторӣ