Саидҷон Сорбонхӯҷа, ки дар байни мардум бештар бо тахаллуси “Эшони Саидҷон” машҳур мебошад, аз дунё гузашт.
Саидҷон Сорбонхӯҷа собиқ муовини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ва имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар буда, дар синни 78-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Эшони Саидҷон ду моҳ боз ранҷи беморӣ мекашид ва чанд рӯз қабл ба сактаи мағзӣ гирифтор шудааст. Вақтҳои охир табибон ӯро ба дастгоҳи нафаскашӣ пайваст карда будаанд.
Тахмин меравад, ки ҷасади Эшони Саидҷон дар Норак канори қабри падараш ба хок супурда мешавад.