Formula novemver 2024
Ёсамин Ташрифу Ғолибро "кидат" кард?
941

Ёсамин Давлатова, сарояндаи ҷавону маъруф, баъди ситоиши ҳусни ёри кӯлобӣ ин дафъа тавсифи шербачаҳои ғармиро кард.

Суруди навбатии ин овозхон, ки бо унвони “Ғарм дара” чанд рӯз қабл вориди сегменти тоҷикии интернет шуда, аллакай зиёд садо медиҳад.

Дар ин суруд Ёсамин мехоҳад ҳавои дара ӯро ба Ғарм (имрӯз ноҳияи Рашт) барад, зеро ба қавли бонуи ҳунар он ҷо шербачаҳои хушрӯй дорад. Сароянда аввал усма харида, ба абрӯвонаш молиданисту сипас кафши нав харида, ба назди ёраш ба Рашт рафтанист.

Замоне тамоми обуначиёни контенти тоҷикии ютюбу инстаграм “ёри Кӯлобӣ”-и Ёсамин Давлатоваро тамошо карданд. Ӯ дар он тарона аз дилашро бурдани касе зикр карда, ӯро ба кабӯтар ва парӣ монанд карда буд. Баъд маълум шуд, ки ин парии Ёсамин писаре аз Кӯлоб будааст, чунки далели ин гуфтаҳо тавлиди таронаи дуюм аст. Нақши ёри Ёсаминро ҳаҷвнигоре бо номи Ғолиб-шоу бозид. Бисёре аз бинандаҳо он замон гуфтанд, ки Ғолиб ёри ҳақиқии Ёсамин аст, зеро ӯ зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Аммо, ин ҳаҷвнигор чанде қабл оиладор шуда буд ва дар тӯяш тамоми сарояндаҳо рафтанд.

Бояд гуфт, ки таронаи мазкур аслан халқӣ буда, он аз рубоиҳои сирф мардумӣ иборат аст ва қаблан дар шакли бадеҳа дар маросимҳои миллӣ сароида мешуд.

ҲАМЗАМОН:

ЁСАМИН ТАШРИФРО БО ҒОЛИБ ИВАЗ КАРД?

Онро пеш аз Ёсамин чандин сарояндаҳои дигар низ дар шакли худ мутобиқ ба маҳал ва ҳам ҷинсияташон сурудаанд.

Ёсамин Давлатова ҳанӯз соле қабл вориди саҳнаи эстрадаи тоҷик шуд. Ӯро таронаи “Кабӯтар” маъруф кард, ки дар як муддати кӯтоҳ бештар аз 9 миллион бор тамошо шудааст.

Таронаи “Кабӯтар“-ро аввалин маротиба яке аз ҳунармандони шинохтаи кишвар Нобовар Чаноров сароида буд. Баъдан оҳанги онро дар филми “Муҷассамаи ишқ”, ки яке аз қаҳрамонҳои асосиаш Бобои Ғаффор (шодравон Убайдулло Раҷабов) аст, мухлисон хеле хуш пазируфтанд.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ЁСАМИН ДАР БОРАИ ОВОЗАҲО ЧӢ МЕГӮЯД?

Соли гузашта таронаи номбурдаро як сарояндаи ҳаваскори африқоитабор бозхонӣ намуда, маҳбубияти зиёд пайдо намуд ва ҳатто худи Нобовар Чаноров ба он баҳои баланд дода буд.

Қариб як сол мешавад, ки “Кабӯтар”-ро тамоми овозхонҳои саршиноси тоҷик месароянд. Бо тарзи замонавӣ онро Ёсамин Давлатова дар шакли клип пешкаши мухлисон гардонид, ки хеле муваффақ гашт. Дар клипи ин тарона Ташриф Халилов ва Шуҷоат Асадуллозода ҳамроҳ бо сароянда нақш офарида буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД