Arzon march 2024
Ёсамин “Кабӯтар”-ро машҳур кард ё “Кабӯтар” Ёсаминро?
1835

 

Ёсамин Давлатова яке аз ҳунармандони ҷавон аст, ки давоми як моҳи охир бо суруди “Кабӯтар” тамоми сомонаҳои интернетӣ, хусусан сомонаи Ютубро ба ларза овардааст.

Сабти аудиоии суруди мазкурро дар ютубканали Yosamin Music зиёда аз 1,4 миллион ва дар ютубканали Duston group зиёда аз 488000, клипашро дар ютубканали Yosamin Music зиёда аз 1,7 миллион ва дар ютубканали Duston group дар муддати қариб як моҳ зиёда аз 1,3 миллион нафар тамошо карда, баҳои баланд доданд.

Таронаи “Кабӯтар“-ро аввалин маротиба яке аз ҳунармандони шинохтаи кишвар Нобовар Чаноров сароида буд. Баъдан оҳанги онро дар филми “Муҷассамаи ишқ”, ки яке аз қаҳрамонҳои асосияш Бобои Ғаффор аст, мухлисон хеле хуш пазируфтанд. Соли гузашта таронаи номбурдаро як сарояндаи ҳаваскори африқоитабор бозхонӣ намуда, маҳбубияти зиёд пайдо намуд ва ҳатто худи Нобовар Чаноров ба онҳо баҳои баланд дода буд. Қариб як моҳ мешавад, ки “Кабӯтар”-ро тамоми овозхонҳои саршиноси тоҷик месароянд. Аввалин маротиба дар кишварамон бо тарзи замонавӣ онро яке аз сарояндаи шинохтаи кишвар Ёсамин Давлатова дар шакли клип пешкаши мухлисон гардонида, хеле муваффақ гашт. Ёсамин Давлатова яке аз ҳунармандони ҷавон ва боистеъдод аст, ки бо сурудани ин тарона яку якбора машҳур гашт. Чанд рӯз қабл Ёсамин бо ютубканали Duston group мусоҳибаеро анҷом додааст, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

-Ёсамин, клипи “Кабӯтар”-ро мухлисон чӣ гуна баҳогузорӣ намуданд?

-Фикр мекунам, ки мухлис самимиятро эҳсос мекунад. Шахсан худам инсонҳои самимиро дӯст медораму эҳтиром мекунам. Дар клипи мазкур ман сару либос ва ороиши қимматбаҳо надорам, самимиву заминӣ, яъне ҳамон гунае, ки дар зиндагӣ ҳастам, пешорӯи мухлисон қарор гирифтам. Хушҳол ҳастам, ки мухлисонам навоварии маро хуш қабул карданд.

-Айни ҳол дар пайи омода намудани ягон суруди нав ҳастед?

-Тамоми ҳушу ёдам ба санъату суруду мусиқӣ равона аст. Ҳатто наздиконам мегӯянд, ки ту аз мо дур шудаӣ, дар олами санъат қарор дорӣ. Рӯзҳои наздик бо як тарзу услуби нав сурудҳои худро пешкаш кардан мехоҳам.

-Аксари ҳунармандон жанри худро доранд. Яке шашмақом, дигаре фалак ва нафари дигар эстрадаро интихоб мекунад. Шумо аслан дар кадом жанр суруд мехонед?

-Санъати Ёсамин санъати дили ӯст. Санъат ҳиссиёту муҳаббати ман аст. Ҳар чизе, ки аз дил бошад, новобаста аз кадом жанр буданаш ман дӯст медорам. Ҳар чизе, ки аз дил сароида шудааст, эҳтироми зиёд дорам ва дӯсташ медорам.

-Ҳар як ҳунарманд суруди дӯстдошта дорад. Суруди дӯстдоштаи Ёсамин кадом аст?

-Ёсамин ҳар ҷое, ки самимиятро мебинад, зуд ошиқ мешавад. Дар сурудҳоям низ ҳамин гуна аст. Суруде, ки дар дили ман ҷой гирифтааст, дар ҳар гӯшаи дунё бошам, онро зам- зама мекунам, ҳамин аст:

Он кӯҳ ки менамояд, андӯҳи ман аст,

Он абри ҳаво хаёли андӯҳи ман аст.

Борони сиришт мебарад бар Ватанам,

Он бод, ки мевазад, дар он оҳи ман аст.

Оҳ ватанам, ҷон Ватанам, ҷон Ватанам.

-Ёсамин истиқлоли комили миллӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам овард барои шумо?

-Сараввал шукргузорӣ мекунам, ки мо ҷавонон дар чунин Ватани ободу зебо зиндагӣ мекунем. Ман фахр мекунам аз ҳамин озодиҳову осоиштагиҳо, ки имрӯз ҳар чизе хостам, барои ман муҳайё аст ва кӯшиш мекунам, ки Тоҷикистони пешсафро дар арсаи ҷаҳон   муаррифӣ намоям.

- Як сурудро бо Мири Мафтун зам-зама намудаед. Тавре дар навор дида мешавад, шумо чандон тайёрӣ надида, ба саҳна баромадед. Дар ҳамин бора каме қисса мекардед.

-Дар он ҷо дар ҳолати ҳаяҷон қарор доштам. Чун аввалин маротиба ба саҳнаи калон қадам гузошта, ба таври зинда суруд хондам. Ҳангоме, ки ман суруд мехондам, бо сабабҳои номаълум микрофон овози маро садо намедод. Аз ин рӯ, сахт ба ҳаяҷон омадаму барои рафъ намудани изтироб сурудро аз рӯи коғаз хондам. Маҳз ҳамин ҳодиса сабаб гашт, ки минбаъд бо як омодагии махсус дар дигар ҷойҳо баромад кунам. Ин бисёр як дарси хуб буд барои ман.

-Суруди “Модар”-ро дар чанд муддат омода намудед?

-Вақте сурудро ба ман пешниҳод карданд, онро дар муддати як рӯз омода намудем.

-Барои ҳунарманд шудан се чиз нақши асосӣ дорад: истеъдод, эътибор ва шавқ. Барои ҳунарманд шудани Ёсамин кадоме аз инҳо нақш доранд?

-Ҳар нафаре, ки ба санъат рӯ меорад, бояд онро девонавор дӯст дорад. Албатта шавқи зиёд барои ҳунарманд шудан нақши асосӣ дорад. Барои ҳунарманд шудани ман маҳз шавқи зиёд сабаб гашт. Инчунин бе истеъдод низ ҳунарманд шудан номумкин аст.

-Ёсамин, аз байни ҳамаи сурудҳое, ки пешкаши мухлисон сохтед, кадомаш бештар шуморо дар дили онҳо ҷой кард?

-Ҳамаи сурудҳоямро, сурудҳои ғамгинӣ ва сурудҳои шӯхе, ки хондам,

мардум хуб қабул карданд. Фикр мекунам, аз ҳама зиёдтар суруди “Кабӯтар” писанди мардум гашт. Бори дигар қайд мекунам, ки сабаби маҳбубияти “Кабӯтар” дар самимият аст.

-Дар оянда чӣ нақша доред?

-Дар оянда сурудҳои нав ба навро пешкаши мухлисон кардан мехоҳам.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД