Эрон хабари кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ намуд
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ ва фармондеҳи Созмони Басиҷи Сипоҳи посдорон Ғуломризо Сулаймонӣ зимни ҳамлаи нерӯҳои Исроил кушта шудаанд.
Мақомоти Эрон расман хабари марги ин ду чеҳраи шинохтаро тасдиқ намуда, гуфтаанд, ки Алии Лориҷонӣ ҳамроҳи писараш Муртазо Лориҷонӣ, муовини амнияти Дабирхонаи Шӯрои амният Алиризо Баёт ва ҷамъе аз муҳофизонаш субҳи моҳи мубораки Рамазон кушта шуданд.
Сипоҳи посдорони Эрон низ кушта шудани Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ намуда, изҳор доштааст, ки ин террори ноҷавонмардона аз ҷониби Артиши Амрико ва режими сионистӣ тарҳрезӣ шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Алӣ Лориҷонӣ яке аз сиёсатмадори ботаҷриба ва машҳури Эрон буд, ки солиёни зиёде дар сатҳи баландтарини сохтори ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон кор кардааст.
Чанде пеш Амрико номи Лориҷониро ба рӯйхати шахсони мавриди ҷустуҷӯ қарордошта дохил намуда, барои пешниҳоди маълумот дар бораи онҳо то 10 млн доллар мукофот ваъда карда буд.