Ёри Фарзонаи Хуршед ба куҷо сафар кардааст?
Фарзонаи Хуршед, сарояндаи хушовозу хушсимои кишвар дар арафаи Рӯзи ошиқон суруди навашро бо номи " Ёрум ба сафар" пешкаши тамошобинон намуд!
Ин таронаи марғуб саршор аз эҳсосоти гарму ширини ишқу муҳаббат буда, бо садои дилнишини Фарзона боз ҳам дилнишинтар гаштааст. “Ёрум ба сафар” барои ошиқон беҳтарин туҳфа буда, хотираҳои гарму ширини ошиқонаро дубора зинда месозад ва ҷавононро ба ишқи пок ва садоқату вафодорӣ талқин менамояд.