Formula novemver 2024
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар боби муаллимони рус ва квота барои донишҷӯёни тоҷик суҳбат карданд
250

Рӯзи 24-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург сарварони ду кишвар - Тоҷикистон ва Русия мулоқот намуданд. Зимни ин вохӯрӣ Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар боби афзоиши додугирифт байни ду кишвар, фаъолияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, квота барои донишҷӯёни тоҷик ва амният дар минтақа суҳбат намуданд.

Президенти Русия Владимир Владимирович Путин аз афзоиши тиҷорат байни ду кишвар изҳори қаноматмандӣ намуда, суҳбатро ба самти маориф кашид ва таъкид кард, ки барои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мактабҳои Русия ҳамасола то ҳазор квота ҷудо карда шуда, минбаъд ин шумораро боз ҳам бештар хоҳанд кард.

Мавзӯи марказии суҳбат фаъолияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва фиристодани омӯзгорон аз Русия буд. Президенти Русия гуфт, ки феълан 72 омӯзгор аз Русия дар Тоҷикистон кор мекунанд ва соли 2025 шумораашон ба 82 нафар хоҳад расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат таъкид намуданд, ки ба ҷуз мактабҳои аз ҷониби Русия сохташуда дар Тоҷикистон 4,5 ҳазор мактаб забони русиро таълим медиҳанд.

Қаблан ёрдамчии президенти Русия Юрий Ушаков гуфта буд, ки мавзӯи муҳоҷират ҳатман дар дидори Путин ва Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ хоҳад шуд, вале дар хабарҳои аз рафти мулоқот нашршуда ба ин мавзуъ ишорат нашуда, маълум нест, ки сарони ду кишвар дар боби муҳоҷират суҳбат доштанд ё не.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 24-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вохӯрӣ бо Владимир Путин ва ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба Русия сафар карда буданд. Дар соли нави 2025 раёсати ин созмон ба Тоҷикистон мегузарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД