Formula novemver 2024
Эмомалӣ Раҳмон: Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сипари боътимоди Ватан аст!
23.02.2024
ОИЛА
261

 

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо хитоб ба генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ изҳор намуданд, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад.

«Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя менамоянд», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон омадааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии мамлакат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро бар дӯш гирифтанд, навиштааст “Ховар”
«Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ анҷом доданд” баён доштанд сарвари давлат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД