17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии таэквондо маросими тақдими дани фахрии 9-уми таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ барои меҳмони олиқадр намоиши санъати муҳорибаи таэквондо баргузор шуд. Сипас, Президенти Федератсияи таэквондо Юн Унг Сок қарори Шурои федератсияро оид ба тақдими дараҷаи фахрии 9-уми таэквондо ба Эмомалӣ Раҳмон қироат кард. Дар маросими тантанавӣ ба Президенти Тоҷикистон дани фахрии 9-уми таэквондо тақдим гардида, ба ӯ либоси махсуси таэквондо пӯшонида шуд.
Дани 9-ум яке аз баландтарин дараҷаҳои ҳунари таэквондо ба ҳисоб меравад.