Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Рустам Назарзода, Вазари саноат ва технологияҳои навини кишвар Шералӣ Кабир ва намояндагони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.
Масъулин зимни ин сафари корӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар минтақаҳои Бадахшон ошно гашта, ҳамзамон аз вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон бохабар хоҳанд гашт.
Тибқи барномаи сафар аёдати ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаҳо, мулоқот бо зарардидагони офати табиӣ ва расонидани кӯмакҳои Пешвои миллат ба онҳо, шиносоӣ аз рафти сохтмони иншоотҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ банақша гирифта шудааст.