Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» дар Душанбе суханронӣ карданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ин ҳамоиши илмӣ донишмандон ва муҳаққиқон аз 27 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба масъалаҳои ҳифзи ваҳдат миёни мардумони тоҷику форс, арзишҳои фарҳангӣ ва хотираи таърихӣ таваҷҷуҳ карданд.
Ба гуфтаи Президент, дар шароити рақобати шадиди ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо дар ҷаҳони муосир, таҳкими робитаҳои маънавию фарҳангии мардумони форсизабон аҳаммияти хос дорад.
«Дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба раванди пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо ворид гардидааст, барои мо - мардумони форсизабон иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти бузург дорад»,- гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба таърих, забон, фарҳанг ва густариши робитаҳои илмии кишварҳои форсизабон баррасӣ мешаванд.