Commerc banl
Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Эрон номаи тасаллият фиристод
02.03.2026
Oila.tj
153

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ба раисҷумҳури ин кишвар Масъуд Пизишкиён тасаллият баён кардааст. Дар ин бора Сафорати Эрон дар Душанбе хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон куштори Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулони ҳукумати Эронро талафоти бузург хонда, ба Масъуд Пизишкиён ва мардуми шарифи Эрон изҳори тасаллият намудааст.

Сарвари давлат нақши Алии Хоманаиро дар тавсеаи робитаҳои Тоҷикистону Эрон махсус қайд карда, изҳор доштааст, ки дар ин рӯзҳои душвор ва ғамангез мардуми тоҷик ғамшарики мардуми Эрон ҳастанд ва аз Худованди Муттаол барои нафароне, ки дар масири раҳмати Илоҳӣ қарор гирифтаанд, талаби мағфират намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД