Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода имрӯз, 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, 70 фоизи омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро унвондорон ташкил медиҳанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки соли 2015 омӯзгорони унвондор 48 фоиз будааст.
Зикр гардид, ки дар донишгоҳ зиёда 1300 омӯзгор ба таълим ва беш аз 22 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил машғуланд. “99 фоиз донишҷӯён ҳамарӯза дар дарсҳо иштирок мекунанд”,- гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон, тавре иттилоъ дода шуд, нақшаи қабул ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024-2025-ум 92 фоиз иҷро шудааст.