arzon replenishment
«Электрон» бори дуюм дар мусобиқаи FORMULA 55 CUP ҷои аввалро ишғол кард
22.10.2024
PROMO
99

Дастаи «Электрон» бори дуюм дар мусобиқаи FORMULA 55 CUP ҷои аввалро ишғол намуда, унвони қаҳрамонии худро ҳимоя кард!

2_1

Мусобиқа дар шаҳри Норак баргузор шуда, 10 дастаро ба ҳам овард, ки бештар аз 15 рӯз барои дарёфти ҷоизаи асосӣ мубориза бурданд.

3_1

Дар вохӯрӣ барои ҷойи севум дастаи "Пули Сангин" бар "Раҳим Карим" пирӯз шуда, мақоми сеюми ифтихориро ба даст овард.

4

Дар финал дастаҳои футболи «Электрон» ва «Чортут» мубориза бурданд. Ҳарду даста маҳорати баланд нишон доданд, аммо маҳз «Электрон» дар рақобати тақдирсоз бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, Ҷоми мусобиқаи FORMULA 55-ро дар шаҳри Норак ба касе надод!

5

Пас аз анҷоми бозии дастаҳо маросими супоридани ҷоизаҳо сурат гирифт, ки дар он беҳтарин бозингарони мусобиқа эълон шуданд.

6

Бозингари беҳтарин - Каладоров Умед

Ҳимоятгари беҳтарин - Ятимов Мубориз

Беҳтарин ҳамлагар - Ҳасанзода Юсуф

Беҳтарин дарвозабон - Саидзода Муҳаммад

7

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи FORMULA 55 CUP дастаҳои ғолиб ба чунин тартиб мавқеъ гирифтанд:

«Электрон» - ҷойи якум

«Чортут» - ҷойи дуюм

«Пули Сангин» - ҷойи сеюм

9

Ёдовар мешавем, ки ба дастаҳои ғолиб медалу ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағ дар ҳаҷми аз 3555 сомонӣ то 5555 сомонӣ тақдим карда шуд.

9 а

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД