Маҳсулоти лозима: 500г гӯшти қимма, 3 қошуқ биринҷи нимпаз, 1 қошуқ равған, 1 тухм, намак, мурч.
Тарзи таҳия:
Ба гӯшти қимма биринҷи нимпаз, 1 қошуқ равған, сафедии тухм, намаку мурч илова кунеду хуб омехта намуда, ғелакча созед. Барои шӯрбоча 3-4 пиёзи резаро дар ним истакон равған бирён кунеду каме қаланфури сурх, 4-5 помидори хурд резашуда, 1 қошуқча орд, каме сирко ва каме об илова намоед. Ғелакҳоро ба шӯрбоча андохта, дар оташи паст пазед. Ғелаккабоби тайёрро бо 2 тухми обпаз ва қаймоқ истеъмол кунед.