Ҳукумати шаҳри Душанбе танҳо ба чор ширкат иҷозати дар пойтахт бо мусофиркашонӣ машғул шудан дода, фаъолияти 9 ширкати дигари таксӣ манъ карда шудааст.
Тавре расонаҳо навиштаанд, Ҳукумати шаҳри Душанбе ба чор ширкати мусофиркашонӣ - "Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” квота ё иҷозаи таксиронӣ дар ҳудуди пойтахтро дода, шумораи таксиҳоро аз чор ҳазор то ба 12 ҳазор боло бурдааст. Дар хабар гуфта мешавда, ки ба ширкатҳои “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷоза дода шудааст, ки ҳар кадоме 3000 мошинро барои мусофиркашонӣ истифода баранд.
Номи 9 ширкати дигари таксӣ аз “Рахш-таксӣ”-3333 ва “Талко-Персия”-Як-таксӣ дар санад зикр нашудааст.
Ҳукумати шаҳри Душанбе ба чор ширкати таксӣ, ки иҷозаи кор дар пойтахтро дарёфт кардаанд, дастур додааст, ки дар мошинҳошон ба хотири таъмини бехатарии мусофирон камераҳои назоратӣ насб кунанд.