Sebiston new 2024 october
ЁДГОРИ НОЗИР: ФАРЗАНДОНАМРО БО ЗӮРӢ, БО ЗОРӢ ВА ТАРС МАҶБУРӢ ХӮРОК МЕДОДАМ!
4494

Ёдгори Нозир, шоири маъруфи тоҷик, сухангқуи ширкати "Барқи тоҷик" дар саҳифаи фейсбуки худ аз шифо ёфтани хонаводааш аз коронавирус хабар додааст. Шоир нишонаҳои беморӣ ва тарзи табобати онро чунин навиштааст: "Аввал духтарамон касал шуд ва занам се шабонарӯз аз бари болинаш нахест.

Бо тавсияи духтурони сироятшинос Ҷумъахон Муъминов (устоди Коллеҷи тиббӣ) ва Чорихон Ғуломов(сардори Шуъбаи бемориҳои сироятии 1 Советский), ки дӯстони мананд, телефонӣ протоколи табобат тартиб додем. Келинам Фотима-донишҷӯи курси 4-и Коллеҷи тиббӣ қатрадору ва укол мекард. Духтарам Ситора ба по хест ва модараш бистарӣ шуд. Ҳарораташ 39-40^ буд. Акнун як хонаро ба палата табдил додем. Табобат пурра аз рӯи протокол мерафт. Пеш аз ҳама кӯшиш мекардем воҳимаву ҳаросро фурӯ нишонем. Тамоми бемориҳои пешинаи ҳамсарам хуруҷ карда буданд ин вақт. Гоҳ ба худ буду гоҳ беёд. Ҳозир қоил мешавад, ки чанд бор хоҳиш карданӣ будааст дар забонаш калима дарорем, вале ба хотири он ки мо натарсем, нагуфтааст. Офарин, ба ӯ! Агар ин корро мекард, шояд пеши воҳимаро дигар гирифта намешуд. Нақл мекунад, ки тамоми қувваташро ҷамъ намуда, дар панҷаи дард, гаштаву баргашта "Оят-ал - курсӣ" мехондааст. "Левофлаксилин" дигар таъсир намекард. Бо тавсияи Чорихони гиромӣ ба "Цефтрокс" гузаштем. Чойи лимуву асалчой, хучоб менӯшидем. Дар рӯзи сеюм ҳарорат кам-кам фуромадан гирифт. Барои он ки таъсираш ба рагу пайванд зиёд аст. Бо ташаббуси худам аз "парасетамол" ба истифодаи "ибупрофен" гузаштем. Манфиат бахшид. Уколи "витамин" ва "кардиомагнил" илова намудем. Дар рӯзи сеюм як бемори нав илова шуд -писари калониям Сино. То ин вақт, шукр, Ситора хест ва ба хизматрасонии тиббӣ гузашт. Як чизро бояд махсус таъкид намоям, ки дар ин маврид хӯрок ва обу чой хӯрондани бемор хеле муҳим аст. Маккории дард дар он аст, ки иштиҳоро ба тамом мекушад, то организм беғизо монад. Ман ба зора, бо зурӣ, бо тарс ... ба беморонам хӯрок медодам. Ба ивази як коса каша хӯрданашон онҳоро меҳрубонона мебӯсидам. Ба ҳамин минвол, баробари кам - кам хӯрдан иштиҳо пайдо мешавад ва ин марҳилаи аввали ғолибият аст. Ин ҳама даҳ-дувоздаҳ рӯз давом кард. Дар ин миён ман худам низ, ки ҳароратам гоҳ-гоҳ баланд мешуд, (шояд аз асаб ҳам бошад) аз рӯи протокол, бо иловаи "Латрен", ки хунро тунук мекунад ва "ҷӯра"-и чандинсолонаи ман аст, табобат гирифтам. Имрӯз, шукр ҳама тансиҳатем! Аз ин ду хулосаро бояд таъкид намоям: 1. Ба воҳима наафтед. Мушкил аст, албатта, ба воҳима наафтодан, вале кӯшиш кунед, ки инро бемор набинад. Бо бемор шухӣ кунед. 2.Ин беморӣ, мегӯянд табобат надорад, вале ба гриппи сахт шабеҳ аст. Ба таҷрибаи табибон бобати соф(интоксикатсия) шудани организм такя кунед ва кӯшед, ки шиддати бемориҳои куҳнаро паст намоед. Ба ҳамаатон тандурустӣ таманно дорам, дӯстони азиз!" Хонандагони гиромӣ, тавре аз таҷрибаи шоир ва хонаводааш дидед, натарсидан беҳтарин ваксина аст. Сомонаи "Оила" минбаъд ҳам таҷрибаи сиҳатшудагони ин вирусро аз забони худашон ба шумо нақл мекунад. Худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед. Дар хона бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД