Дар фарҷоми соли 2025, рӯзи 25-уми декабр қалби яке аз табибони маъруф, вориси арзандаи Ибни Сино, яке аз беҳтарин донандагони тиби суннатии тоҷик, гиёҳшинос, доктор Садриддиншоҳ Насриддиншоев аз олам даргузашт. Ин табиби масеҳонафас солиёни зиёд ҳамрози шумо буд ва ба суолҳои шумо посух медоду барои дармони дардҳоятон роҳҳои табобатро мегуфт. Афсӯс, ки ин шахсияти нодиру меҳрубон дигар бо мо нест.
Доктор Садриддиншоҳ Насриддиншоев, ки бо тахаллуси Садриддиншоҳ Ҷалолӣ эҷод мекард, 7 январи соли 1941 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар хонаводаи табиби барҷастаи асри XX Насриддиншои Ҷалолӣ ба дунё омадаст. (Соли 2000 аз ҷониби ЮНЕСКО бахшида ба 1100 солагии олим ва донишманди соҳаи тибби Шарқ Закриёи Розӣ дар шаҳри Теҳрон Конгресси умумиҷаҳонии тиббӣ баргузор гардид. Номи Насридиншои Ҷалолӣ чун табиби машҳури садаи ХХ дар қатори дигар табибони олам сабт гардид, (Энсиклопедияи Бадахшон, саҳ 411).
Устод Садриддиншоҳ дар ин муҳити хонавода ба донишомузии минбаъдаи худ поя гузоштааст. Соли 1953 мактаби миёнаи ба номи Сталини шаҳри Хоруғро хатм намуда, соли 1964 риштаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро низ бомувафақият хатм мекунад. Солҳои 1971-1972 дар Институти журналистии шаҳри Москва таҳсилашро идома медиҳад. Дар тули солҳои гуногун дар кишвари Афғонистон ба ҳайси тарҷумон адои хизмат мекунад. Солҳои 1984-1987 дар аспирантураи Академияи улуми Тоҷикистон боз ҳам таҳсилашро идома медиҳад. Дар тули зиёда аз 60 соли фаъолият Доктор Садриддиншоҳ Насриддиншоев дар марказҳои тиббии кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла ИМА, Югославия, Эрон, Ҳиндустон, Россия, Албания, Чин, Юнон беморонро табобат намудааст. Ҳамчунин, муаллифи китобҳои “Ман кистам?”, “Нушдору” ва “Хотира”-ҳо мебошад.
Дар тӯли беш аз шаст сол, доктор Садридиншо мисли қиблагоҳи бузургвораш Насраддиншои Ҷалолӣ умри худро ба тиб бахшида, ҳазорҳо беморонро дар саросари ҷаҳон муолиҷа намудааст. Дастони шифобахши ӯ марзҳоро намешинохтанд ва меҳрубонии ӯ ба ҳамаи инсонҳо мерасид. Дар баробари табиби соҳибтаҷриба, ҳамчунин олими маъруфи соҳаи гиёҳшиносӣ буд ва саҳми мондагореро дар пешрафти илми тиб гузоштааст.
На танҳо дониш ва маҳорат, балки меҳрубонии беандоза ва садоқати хастанопазир Доктор Садриддиншо ба инсоният беназир буд. Ӯ ҳаргиз хизматашро бо вақт ё манфиат чен намекард. Ҳатто дар рӯзи даргузашташ низ ба беморон хизмат расонд ва то лаҳзаи охирин ба рисолати табибии худ содиқ монд.
Зиндагии ӯ намунаи олии фидокорӣ, хоксорӣ ва хизмати беғаразона буд. Ӯ ҷисмҳоро шифо бахшид, дилҳоро таскин дод ва дар дили ҳазорон нафар умед меофарид.
Гарчанде моро тарк кард, аммо осори заҳматҳои ӯ дар зиндагии бемороне, ки наҷот дод, дардҳое, ки сабук кард ва умеде, ки бахшид, ҳамеша боқӣ мемонад.
Аҳли қалами Oila.tj