ИДОМААШ...
Бӯсаҳои хайрбодӣ
Субҳ Дилҷӯ барвақтар аз Судайс аз хоб бархост, Марго алаккай омада ошхонаро ба тартиб даровардаю наҳорӣ тайёр намуда буд. Судайс ғайри як финҷон қаҳва чизе тановул накард ва ба Дилҷӯ хайру хуш намуда гуфт:-Ман ба кортат пул гузаронида меистам, ба пули барқу обу дигару дигар корат набошад. Аз дарсат қафо намон, хуб хон… Ҳарчанд Судайс мехост чун ҳарвақта аз пешонии Дилҷӯ бӯсад, вале духтар бо нуги панҷаҳояш баланд шуда лабони бӯсахоҳашро ба лабони араби мағрур гузошт. Ин рафтори духтар яхи ғурури мардро об карду ӯро танг ба оғӯш кашида аз лабонаш пайи ҳам чанд бӯса гирифт. Ин «ҷавоб» ба Дилҷӯ хуш омаду бо меҳрубони рухсораҳои Судайсро сила карда Худоҳофизӣ намуд….
Судайс рафту духтарак ба ҳуҷрааш даромада баланд-баланд гирист, Марго дарро аз пушти хуҷаин пӯшида назди Дилҷӯ даромада ӯро насиҳат кард:-Дилҷӯ, ҷонам, ҳаргиз барои мард ашк нарез. Иби-иби, э садқаи дурдонаҳои ашки ту шаванд ҳама мардони дунё! Мардро ҳеҷ вақт дӯст ҳам надор! Бигузор ӯ туро дӯст дорад! ба мани пир бовар кун, агар мард фаҳмад, ки ту ӯро дӯст медорӣ беқадр мешавӣ, балам! Дар гӯшат чун ҳалқаи зарин овехта мон, ки мард занеро дӯст медорад, ки ноз кунад, ба ӯ дастнорас бошад, ғурур дошта бошад! Наход тоҷикдухтар аз табори ориё барои як араби мазанг дилатро хун кунӣ-а?! Бигузор дунё дошта бошад… Медонӣ Фирдавсӣ чӣ гуфтааст? Фирдавсии шумо? Дилҷӯ, ки акнун аз насиҳатҳои Марго хандааш омада буд бо аломати «бале» сар ҷунбонд. Марго бошад чунон, ки дарси адабиёт медода бошад давом медод:
Зи шири шутур хӯрдану сустмор,
Арабро ба ҷое расидааст кор.
Ки тоҷи каёнро кунад орзу,
Тфу бар ту эй чархи гардун тфу!
Дилҷӯ андешаманд «лаҳзаи илҳом»-и Маргоро бурида гуфт:-Эй холаҷони азизи ман, агар Фирдавсӣ зинда мебуду медид, ки чӣ гуна ман ин «шири шутурхӯр»-ро новобаста аз «сустмор» хӯрданаш ҳам дӯст медорам, шояд ҷангноманависиро як тараф гузошта қиссаи ишқии бузурге менавишт. Ҳамин тавр Марго бо шухию ханда дили Дилҷӯро ба даст оварду ӯро ба дарс равон кард. Судайс акнун ду ё се шаб пас қариб як ё ду соат бо Дилҷӯ сӯҳбат мекард, сӯҳбатҳои ширини ошиқона…
Дидори волидон
Аз донишҷӯ шудани Дилҷӯ шаш моҳ гузашт, дар ин муддат ӯ мактаби ронандагиро низ хатм кард, аммо Судайс дигар ба наздаш наомад. Мард зуд-зуд тариқи скайп бо ӯ дар тамос мешуд, ягона ғамбарори духтар дар ин ғарибиҳо Марго буд, Маргои меҳрубон, ки акнун ҳамроҳи Дилҷӯ зиндагӣ мекард. Дилҷӯ дар корташ пули зиёде дошта бошад ҳам хеле сарфакор буд, зебо либос мепӯшид, хариди хӯроквориро Марго ба анҷом мерасонд, пули маводи ғизоиро Судайс ҷудогона ба корти вай мегузаронд. Дилҷӯ волидонашро зиёд пазмон шуда буд, ҳарчанд ҳар шаб онҳоро тариқи телефон ё роёнааш медид, вале боз изҳори пазмонӣ мекард. Шабе ҳангоми сӯҳбат инро ба Судайс гуфту ӯ чиптаи омаду рафтро барои волидонаш харидорӣ намуд. Падару модараш бо савғои зиёде ба дидораш омада қариб як моҳ бо ӯ буданд. Падараш ба тамошои зебоиҳои ин шаҳри ашрофон банд буд, аммо модараш насиҳаташ мекард, ки домони Судайсро сар надиҳаду зиндагии шоҳона карда гардад. Падару модараш бо Марго шинос шуда шукр мегуфтанд, ки дар ин ғарибиҳо духтарашонро бо чунин зани хуб рӯ ба рӯ намудаанд. Онҳо баъди адои сафарашон ӯро ба Марго ва Маргоро ба Худо супорида ба ватан баргаштанд. Дилҷӯ мувофиқи ваъда пул фиристод ва онҳо писарашонро ба донишгоҳи бонуфузи тибии Маскав дохил намуданд. Дилҷӯйи ба дуриҳои Судайс одат карда акнун танҳо мехонду мехонд ва андеша мекард, ки кош ин марди тиллоиро дар насибаш навишта гардонад.
Асрори арабӣ
Араби мағрур ҳаргиз ваъдаи дидор намедод ва Дилҷӯйи муштоқ низ дигар аз вай намепурсид, ки меоӣ ё не? Аммо духтар намедонист, ки дар ин шаш моҳ Судайс шаш бор барои хабаргирии ширкати дар Лондон будааш омаду ӯро нодида рафт. Мард ба гапи ҷосусҳои аз пушти Дилҷӯ монда иктифо накарда, ҳатто устодони ӯро ба ҳузур пазируфта дар бораи одобу ахлоқ ва дониши духтар пурсон гашт. Ҳама бо як овоз Дилҷӯро таъриф мекарданд, вале дили сангини марди араб гаштаю баргашта ӯро санҷидан мехост, зеро ба ҷинси зан бовар надошт. Ҳарчанд Дилҷӯ писандаш буду ӯро дӯст медошт, ҳарчанд духтар аз вай боре ҳам як пайса талаб накарда буд, вале араб гумон дошт, ки зебосанами тоҷик ӯро танҳо барои пулҳояш дӯст медорад. Аслан Судайс аз авлоди сарватмандони араб буда духтари амакашро ба занӣ гирифта буд. Кибирё барои ӯ ду духтар таваллуд намуда бошад ҳам дили Судайс ба ӯ гарм набуд, вале ӯро ҳурмату эҳтироми зиёд мекард. Кибирё дар қасрҳои барҳаво зиндагӣ мекарду даҳҳо хизматгор дошт. Кибирё бисёр мехост барои шавҳараш меросхӯр ба дунё биёрад, вале духтурон бо сабаби бемор будани дилаш таваллуд карданро барояш маън карданд. Ӯ дар сӯҳбатҳои хоса ба Судайс мегуфт, ки зани дуввуматро аз қавми худамон гир то меросхӯрат араб бошад, вале Судайс Дилҷӯро диду дил бохт, зиёд мехост меросбари авлоди Абдулазизиён маҳз ин зан бошад, вале мехост ӯро санҷаду ҳангоми аз санҷиш гузаштан ба ин тайёр намояд. Судайс нақшаҳои зиёд дошт, аммо Дилҷӯйи бехабар тоҷиконаву ошиқонаву содиқона ӯро дӯст медошт….
Ишқи англиси
Дар Донишгоҳ ҳамроҳи Дилҷӯ ҷавони англисе таҳсил мекард, ки Чарлз ном дошт, вале дӯстонаш ӯро осону сода карда Чип меномиданд. Ин ҷавони зардинаи баракси аврупоиён дилкушоду самимӣ ба Дилҷӯ аз рӯзҳои аввал хеле дӯстона бархурд карда буд. Падари Чип заводи лухтаксозӣ дошту яке аз сарватмандони кишвараш ба шумор мерафт. Дилҷӯ низ бо ин ҷавони хандонрӯй ҳамчун як дӯсту ҳамсабақ муносибат мекард, духтар медонист, ки дар ин ҷо Судайс ҷосусони худро дорад ва ҳаргиз бо касе гапу ҳарфи зиёдатӣ намезад, аз ҳисоби духтарон бошад як дугонаи ҳинду дошт ва дӯстии онҳо дохили донишгоҳ маҳдуд мегашт. Ҳамкурсони дигараш бо нозанини камгапу ҷиддӣ, майли сӯҳбат кардан ҳам надоштанд, танҳо Чип ба ҷону ҳоли Дилҷӯ намонда аз вай «гап» мегирифт…
(ДАВОМ ДОРАД)