Arzon march 2024
Ё САРНАВИШТИ ТАЛХИ ТОҶИКДУХТАРЕ, КИ ШАВҲАРИ МИЛЛИОНЕР МЕХОСТ (ҚИСМИ 2)
16.05.2021
Дилошӯб
8422


ИДОМААШ...

Ман бошам, ба кори дӯстдоштаам машғул мешавам, модараш баъди ду рӯзи фикру андеша ризоият дод. Дилҷӯ нақшаҳои зиёде дошт, аз ин рӯ, ба Ҳабиба занг зада, бо ӯ ҳамкориро оғоз кард. Дар се моҳи ҳамкорӣ бо ин зан духтар пули хуб кор карда, дар курси семоҳаи маҳскунӣ нозукиҳои маҳсро омӯхт. Акнун бо ин ҳунараш ҳам пул меёфту модараш аз духтари меҳнаткашаш розӣ буд.      
                                     

                               Нимкосаи зери коса

Дилҷӯ намедонист, ки зери косаи дилҷӯиҳои Ҳабибаи маккора косаи фанду фиреб мавҷуд аст. Аслан Ҳабиба духтаракони ҷавону зеборо, ки аз оилаҳои камбизоат буданду ба пул ниёз доштанд, ба гурӯҳи рақсияш ҷалб намуда, аз ҳисоби танфурӯшии эшон соҳиби сарвату давлати бешуморе шуда буд. Ҳабиба ҳусни оламсӯзи Дилҷӯро, ки байни шайхони араб ҳазорон доллар нарх дошт, дида ӯро ба кор ҷалб кард, вагарна ба ӯ духтур асло лозим набуд. Дилҷӯи сода бошад, андеша дошт, ки Ҳабиба ӯро маҳз барои духтурияш ба кор қабул кардааст ва кӯшиш мекард то ба духтарон хизмати хуби тиббӣ расонад. Ин зани далла бо духтарони раққоса ба шабнишиниҳои шахсони сарватманд даъват мешуд ва пушту паноҳи мустаҳкаме дошт. Ӯ духтараконро гоҳ ба Ҳинду гоҳ ба Чин, аммо бисёр вақт ба Аморати араб барои дилхушии сарватмандон ба «гастрол» мебурд. Аз пули ёфтааш ками камашро сарфи духтарон мекард, аммо духтаракон низ оҳиста- оҳиста «гург» мешуданду баъди кавалери сурпуле ёфтан, «гала»-и Ҳабибаро тарк менамуданд. Аммо то «гург» шуданашон ин далла аз ҳисоби онҳо даҳҳо ҳазор доллар кор мекард. Ҳабиба акнун ба доми худаш Дилҷӯро афтонда буду чун тортанаки заҳрдор атрофаш тор метанид. Ӯ дар моҳи чоруми шиносоӣ ба Дилҷӯ гуфт:

-Дил, мехоҳӣ пули зиёдтар кор кунӣ? Агар ҳа, пас бояд нозукиҳои рақсро омӯзӣ. Кам–кам ҳамроҳи духтарҳо мерақсӣ ва ба ду ҳазорат боз дутои дигар зам мешавад, яъне дар як моҳ чор ҳазор сомонӣ мегирӣ. Дилҷӯ аввал розӣ нашуд, вале баъд ҳирс ғалаба карду оҳиста-оҳиста аз модараш пинҳонӣ ба назди муаллими рақсе рафта, дарси рақс гирифт, албата бо ҳидояти Ҳабибаи далла. Акнун ӯ байни шаш духтар моҳ барин мехиромиду сарватмандон зери пояш бандча-бандча доллар мерехтанд. Ҳабиба баъди ҳар баромад ба духтарон аз ҳисоби пулҳои рехташуда музди иловагӣ медод ва барои ҳавасманд шуданаш ба Дилҷӯ пули зиёдтар медод. Масалан, ҳамаи духтарон дусад доларӣ гиранд, Дилҷӯ чорсад мегирифт, албатта ин сир миёни ӯ ва Ҳабиба мемонд. Бо ҳамин қадар машаққат Дилҷӯ зарфшӯияшро идома медод ва пул меғундошт ва акнун пинҳонӣ аз модар маблағи хубе ҳам дошт.

                                   Гастрол

Пас аз шаш моҳ Ҳабиба хабар овард, ки як моҳ пас ба Ҳиндустон ба гастрол мераванд. Духтарон ҳама шоду мамнун ба ин сафар тайёрӣ медиданд, Ҳабиба онҳоро рӯҳбаланд намуда мегуфт:

- Дар як тарабхонаи бонуфузи Деҳлӣ сарватмандони зиёде аз мамолики Арабу Туркиёву Эрон ҷамъ меоянд. Худо хоҳад, аз он ҷо бо пули зиёд бармегардем. Духтарон шодона «еееессссттт» гӯён, нидо дар медоданд, Дилҷӯи содда бошад, бо даҳони во пурсид:

- Магар дар Ҳиндустон, ки овозаҳои раққосаҳояш дунёро гирифтааст, мардум ба рақси мо зоранд?! Ҳабиба ба ӯ чашмак зада, аз бари рӯяш бӯсиду гуфт:

-Дар Ҳиндустон мисли шумо зебохонумҳо нест-де!

Ҳабиба ҳуҷҷатҳои онҳоро тахт карду духтарон чун сайёҳ ба ин мамлакати зебоманзар сафар карданд. Модараш аввал ба сафари духтараш ризоият надода бошад ҳам, ба яке аз клиникаҳои машҳури ин кишвар барои омӯзиш меравам гӯён, духтар модарашро розӣ кард. Дили модар аз ин сафари духтар ким- чӣ хел гумони шубҳа дошт, вале аз духтараш дилаш пур, ки буд, розигӣ дод…  Дилҷӯ шаби пеш аз сафараш дар хонаашон дастархони шоҳонае ороста, апаҳояшро ба меҳмонӣ хонд, духтарон сари дастархони пурнозу неъмат дур аз ранҷи зиндагӣ мегуфтанду механдиданд. Аз падари ғарибашон, ки солҳо дар Русия муздурӣ мекард, ёд карда, ашк низ мерехтанд. Модараш ба духтарони зебояш нигариста, шукрона мекарду дар дил мегуфт, ки кош Дилҷӯ низ бахташро меёфту соҳиби хонаву дари худ мешуд. Рӯзи дигар Дилҷӯ бо дили пурармону ҳавас ҳамроҳи ҳамкоронашу Ҳабиба ба мулки афсонавии Ҳинд парвоз намуд…

                               Кишвари афсонаҳо

Духтарон се рӯз сайру саёҳат карда, дам гирифтанд, зебогии пойтахти ин кишвар Дилҷӯи зебоипарастро мафтун намуд. Рӯзи чорум аз субҳи барвақт ороишгаре омада, ба пардози духтарон оғоз намуд. Ин зани сиёҳпусти фарбеҳи безеб чунон ҳунарманд будааст, ки дар чеҳраи инсон наққошӣ мекардааст. Ӯ духтарони зеборо пардоз дода, аз эшон маликаи ҳусн тайёр кард. Дилҷӯ худро дар оина дида нашинохт, ӯ худ ба худ мегуфт:

-Агар ҳозир пайвандонам маро бинанд, намешиносанд… Тавба, наход ин ман бошам?!

Хулоса, гурӯҳи шашнафараи зебосанамҳо бо сардории Ҳабиба, ки аз духтарони раққосааш  дар зебоӣ кам набуд, дар лимузине нишаста, рӯ ба сӯйи тарабхона оварданд. Ходимони тарабхона эшонро на бо роҳи асосӣ, балки бо роҳи дигаре вориди хонаи калоне карданд. Дар ин ҷо мизе гузошта шуда буду духтарон барои болидарӯҳӣ каме хӯроку қаҳваю ширинӣ истеъмол намуданд. Дили Дилҷӯро бори аввал дар тӯли сафар сиёҳӣ пахш кард ва аз омаданаш бо Ҳабиба ба ин диёри бегона ба ташвиш афтод.

                              Дар ҳалқаи гургони маст

Духтарон бояд даҳ номераи рақсӣ нишон медоданд. Аз ин панҷтояш гурӯҳӣ ва панҷи дигар яккарақс буд. Дилҷӯ аслан дар рақсҳои гурӯҳӣ ҳунарнамоӣ мекард. Пеш аз  ба саҳна баромадан, ба онҳо куртаҳои ҳарире пӯшониданд, ки тамоми андомашон метофт. Ҳабибаи маккора таҳпӯшҳояшонро низ чуноне интихоб намуда буд, ки аз тӯри тунук иборат буд. 

ДАВОМ ДОРАД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД