Sebiston new 2024 october
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад
785

Тибқи иттилои шаҳрдории пойтахт, дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе айни замон 6 нафар иштирокчии ҶБВ зиндагӣ менамоянд. Дирӯз аёдати иштирокчиён аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, дар заминаи хабаргирӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент, муовини Раиси шаҳр ва намояндаи МИҲД-и ноҳия туҳфаҳои пулии Президенти кишвар, Раиси шаҳр ва ҳукумати ноҳияро ба онҳо расониданд.

Ҳамин тавр, ба ҳар як иштирокчӣ кӯмакҳои пулӣ, аз ҷумла ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ аз номи Президенти мамлакат, 6000 ҳазор сомонӣ аз номи Раиси шаҳр ва 3000 сомонӣ аз номи раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Аз ин тӯҳфаҳои пулӣ, 3 нафар иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Сино баҳраманд гашта, дар ноҳияи Фирдавсӣ низ чунин тадбири иҷтимоӣ роҳандозӣ шуд.

Иштирокчиёни ҶБВ ба Пешвои миллат, Раиси шаҳр ва раиси ноҳия ҷиҳати дастгириву ғамхорӣ миннатдорӣ намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД