Бадарғашуда
Модари Шарифи муаллим намехост писари ягонааш аз ӯ дур бошад, вале чораи дигар надошт. Ба сару рӯйи аз зарби мушту лагад сиёҳу кабудшудаи писараш менигаристу хуни дил мехӯрд пиразани бетолеъ. Писари босаводашро тӯҳмат кардаанд, модар инро медонист, вале бегуноҳии Шарифро исбот карда наметавонист. Шариф мактаби миёнаю мактаби олиро аъло хатм кардааст ва дар ду дунё ба чунин корҳои пасту ҳаром даст намезанад, вале инро ба кӣ мегӯӣ, вақте ки мардум акси ин гуфтаҳоро бо чашми худ диданд. «Хонаат сӯзад, душман» гӯён, модари бечора зор-зор мегирист ва даст сӯйи само бардошта Худоро зорӣ менамуд, ки дар ғарибиҳо ҷигарбандашро нигоҳбон шавад.
Ақли расо-дарди сар
Шариф донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда бо сари баланд ба назди падару модараш баргашт. Устодонаш хоҳиш карда буданд, ки дар донишгоҳ монад, вале Шариф хотири падару модари пираш ба деҳа баргашт, то ҳам асои дасти мӯйсафедонаш гардаду ҳам ба бачаҳои ҳамдеҳааш савод омӯзад. Омӯзгори ҷавон бо дили гарм ба кор сар карда, тамоми дониши андӯхтаашро бо меҳру муҳаббати бепоён ба шогирдони ташнаи савод пешкаш менамуд. Дониши мукаммал ва садоқату самимияти омӯзгори ҷавон ба ҳама маъқул буд, ба ҷуз як нафар-директори мактаб! Директори солхӯрда ягона кадри маълумоти олидори деҳаро хуш қабул накард, чунки метарсид. Бале, метарсид директор аз гум кардани курсиаш, чунки аксари падару модарон ба муаллими ҷавон муҳаббати хоса доштанд ва ҳатто модарашро дар маъракаҳо болонишин карда, барои тарбият намудани чунин бачаи босавод таҳсину офарин мехонданд. Дар мактаб шогирдон дар атрофи муаллими ҷавон парвона буданд ва ягон гапашро ба замин намегузоштанд. Духтарҳои синфҳои болоӣ бошанд, чашмашонро аз муаллими Шариф намеканданд. Ин ҳама меҳру ихлоси мардум ҳасаду ғазаби директори пирро меовард.
Мори ҳасад
Мардуми деҳа маслиҳат карданд, ки ба маориф мактуб навишта хоҳиш мекунанд, ки муаллими Шарифро директор таъйин намоянд. Ин миш-мишу овозаҳо билохира рӯзе то ба гӯши директори мактаб низ расид. Директори солхӯрда, ки мансабашро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт ва галстуки аз зарби чирк ранггумкардаашро аз гарданаш намегирифт, мисли мори захмин ба худ печида, пайти муносиб меҷуст, то муаллимро заҳр занад. Барои аз деҳа рӯфтани пою қадами муаллимбача чандин бор ба маориф муроҷиат намуд, вале тираш хок хӯрд. Мактаб тез-тез комиссияборон мешуд, вале ҳар дафъа меҳмонҳои галстукдори кулоҳпӯш чанд рӯз коғазҳоро такорӯ намудаю дар дарсҳои муаллими ҷавон иштирок карда, дар кораш ягон зарра камбудӣ наёфта мерафтанд. Комиссиябозиҳои директори солхӯрда ба ҷойи пою қадами муаллими ҷавонро аз мактаб рӯфтан, баръакс, сирри бесаводии дигар муаллимони ҳамтабақони сарварро фош мехост. Хонандагони мактаб акнун ҷуръат пайдо карда ба қавле аловдарсар шуда буданд ва аз директор талаб мекарданд, ки дари синфхонаҳои компютериро кушояд, то муаллими Шариф ба онҳо бо компютер кор карданро ёд диҳад. Муносибати шогирдон бо муаллими ҷавон чунон наздик шуда буд, ки шабонгоҳ баъзе талабаҳои синфҳои болоӣ ба хонаи муаллими Шариф рафта, дарси иловагӣ мегирифтанд, компютер меомӯхтанд ва бо интернет кор карданро меомӯхтанд.
Ташнаи интиқом
Директори мактаб Зарифзода роҳи дигари аз муаллими ҷавон халос шуданро наёфта рӯзе аз занаш маслиҳат пурсид. Ҳамсараш маслиҳат дод, ки ягон духтар ёфта, муаллимро бадном созад ва обрӯяшро дар байни мардум резонад. Ин маслиҳат ба Зарифзода сахт писанд омад. Акнун духтаре лозим буд, ки ба муаллим наздик шуда, обрӯяшро дар як шаб ба пули пучак баробар созад. Кофта-кофта Зарифзода чунин духтарро ҳам ёфт-ҷияни худаш Соро, ки синфи 11 мехонад. Соро нав 16- сола бошад ҳам, аллакай ба бероҳагардӣ ном бароварда буд ва чандин бачаҳои хундарсар иддао менамуданд, ки шабҳоро дар оғӯши ин зебосанам саҳар карда, хуб айшу ишрат намудаанд. Зарифзода, ки пештар ҷиянаш Сороро чашми дидан надошт, қарор дод, ки дили хешдухтарашро ёфта, кори муаллими Шарифро ба қавли мӯйсафедон «ҷағел» месозад.
Баҳои номус-гӯшвори тилло
Зарифзода Сороро ба хонааш даъват намуд ва ҳусну малоҳаташро ситоиш намуда ба осмони ҳафтум баровард. Духтарак аз ин муҳаббати ногоҳ хурӯҷкардаи тағояш ба ҳайрат омада бошад ҳам, ба лутфу меҳрубониҳои хешаш бо ширингуфторӣ ҷавоб гардонд. Зарифзода моил шудани дили духтарро дида, барои бештар ба дом андохтанаш ба Соро як ҷуфт гӯшвори зебои тиллоӣ тақдим кард ва оҳиста-оҳиста нияташро ба ҷиянаш фаҳмонда, сари мақсад омад. Соро аввал хеле нею нестон кард, баъд розӣ шуд ва Зарифзода ба ҷиянаш чӣ хел бадном кардани муаллими ҷавонро фаҳмонд.
Дар оғӯши муаллим
Шариф аксар вақт дар мобайни боғ хоб мекард. Шабе Соро аз рӯйи нақша ба хонаи роҳбари синфашон, муаллими Шариф омад. Муаллими ҷавон бехабар аз макри директори пиру шогирди ҷавонаш бо либоси таг масти хоб буд. Соро нотарсона либосҳояшро кашида оҳиста ба ҷогаҳи муаллим даромад ва кӯрпаро ба сараш кашид. Сорои ӯрён пайкари паҳлавонсурату гарми муаллимро гарм оғӯш карда лаб бар лабони омӯзгори масти хоб гузошта буд, ки балои аз осмон фаромада барин дар болои сарашон раиси маҳалла, директори мактаб ва боз чандин омӯзгорону ҳамдеҳагон пайдо шуданд. Бародари калонии Соро-Малик, ки авбоши гузаро буд, муаллими гаранги хоболуди аз моҷаро бехабарро зери мушту лагат гирифт. Шариф ҳанӯз сарфаҳм намерафт, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст ва ин одамон аз куҷо пайдо шуданду барои чӣ ӯро мезананд. Сорои шаттоҳ доду войкунон мегуфт, ки муаллим ӯро ба свидания даъват карда, гуфтааст, ки агар набиёяд, баҳояшро намемонад. Даҳону бинии муаллим дар як дам пури хун шуд, вале касеро парвои ҳоли зори вай набуд. Ҳама ба сӯяш бо ғазабу бо нафрат менигаристанд. Касе таклиф кард, ки милисаро ҷеғ зада, муаллими духтарбозро суд кунанд, вале директори найрангбоз гӯё коргарашро пуштибонӣ намуда, мардумро ором намуда гуфт:
-Муаллим ҷавонӣ кардааст ва набояд барои як хато зиндонӣ шавад. Тарафи дигари масъала дар он аст, ки агар ин ҳодиса овозаю дарвоза шавад, обрӯи маҳалла ва соҳибони духтар мерезад. Беҳтараш муаллим тарки деҳа кунад. Як муддат, то бас шудани гапу калочаи мардум муаллими Шариф Русия равад, вазъият, ки тенҷ шуд, баъд бармегардад.
Ин таклифи директор ба ҳама, ҳатто ба падару модари пири Шариф писанд афтод, танҳо худи гунаҳкори бегуноҳ ҳанӯз чизеро намефаҳмид. Ҷиянҳои директор, ки пешакӣ бо амри тағояшон билет харида буданд, ба волидони гирёну нолони Шариф ваъда доданд, ки муаллимро ҳамроҳашон ба Россия мебаранду хору зор шудан намемонанд.
Рахти сафар
Муаллими аз найранги гурги борондида-Зарифӣ ва моҷарою гирудори зиндагӣ бехабар ночор ба сухани модараш даромада озими Россия гашт. Мардуми деҳа «муаллими духтарбоз»-ро бо нафрат гусел намуданду Шарифи бегуноҳ бо дили пурғуссаю ҷигари пурхун роҳ сӯйи фурудгоҳ гирифта, акши чашмонашро поккунон ба тайёраи Москав нишаст.
«Кидат»-и ҳамшаҳриҳои ғамхор
Ҷиянҳои Зарифзода ҳанӯз дар фурудгоҳ Шарифро ба қавле «кидат» карда рафтанд. Муаллими ҷавон, ки бори аввал ба мулки мусофират афтода буд, сумкаашро болои хараке гузошта сархам нишаст. Намедонист дар ин шаҳри бегона ба куҷо раваду аз кӣ мадад биҷӯяд. Ногоҳ як зани рус омада дар паҳлӯяш нишаст. Занак бетоқатона тез-тез ба соати дасташ нигоҳ карда, касеро дашном медод. Ҳар замон ҷониби муаллим назар карда, чизе пурсиданӣ мешуду боз лаб фурӯ мебаст. Ниҳоят тоқати зан тоқ шуд ва хоҳиш кард, ки то баргаштанаш борҳои ӯро нигоҳбонӣ карда истад. Шариф гӯё гунг бошад, танҳо сар ҷунбонд. Занак қариб як соат гум шуда рафт. Дар ин миён Шариф каме ба худ омад ва ба сумкаҳои калони зани ношинос нигариста хандааш омад. Шикамашро дошта механдиду «як занаки бегона ба ман боварӣ дораду ҳамдиёрон не» гуфта, сар меҷумбонд.
Тақдирҷумбон
Шариф худашро сарзаниш мекард, ки чаро зиёд маҳмадоноӣ карда директорро душман гардонд. Ба ёдаш чашмони аз гиря варамкардаи модараш ва қомати хамидаи падари пираш ҳангоми гусел расида дилаш обу адо мешуд. Ашки бари рӯйи хоҳаронашро ба ёд оварда хун мегирист. Қасд кард, ки меҳнати ҳалол карда, пули бисёр ҷамъ мекунаду баъд ба деҳа баргашта, бегуноҳиашро дар пеши ҳамқишлоқиҳояш исбот менамояд ва доғи бадномиро аз худу аҳли авлодаш албатта мешӯяд. Саргарми ҳамин андешаҳо буд, ки занаки соҳиби сумкаҳо бо марди зиёинамое пайдо шуд. Зан тамоми борҳояшро дар ҷояш дида, ҳайрон шуд ва ба Шариф ҳамчун арзи миннатдорӣ пул дароз кард. Муаллим пулро нагирифта, гуфт, ки барои савоб борашонро нигоҳбонӣ намудааст. Шавҳари зан, ки аз афташ чунин суханро аз «сарсиёҳон» интизор набуд, кунҷковона ба Шариф нигариста аз куҷо ва ба чӣ кор омаданашро пурсид. Шариф забони русию англисиро оби равон барин донад ҳам, даступо хӯрд ва канда –канда «коркунӣ омадам» гуфт. Мард ба китфу бозуи паҳлавононаи ҷавон харидорона назар намуда пешниҳод кард, ки агар воқеан кор кардан хоҳад, ҳамроҳашон равад. Шариф, ки дигар ҷойи рафтан надошт, дарҳол розӣ шуд.
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)