Зафар дар замини хоҷагӣ машғули кор буд. Акнун, ки барф об шуда, офтоби оламтоб нами заминро ҷаббида буд, ӯ барои ба боғоташ надаромадани гову мол гирди онро бо чӯбҳои ғафс маҳкам менамуд.
Ҳамин дам Зафар суроби духтареро лаби канал диду дар таҳайюр шуда, лаҳзае рафтори духтарро мушоҳида намуд. Духтар ҳаросон ба чор тараф менигаристу гоҳ ин тарафу гоҳ он тараф рафта, ба ҷараёни об зеҳн мемонд. Қаду қомати расо ва мӯйҳои то бари домани духтар аз ғояти вазиши шамол ҳарсу алвонҷ мехӯрданд. Зафар аз мақсади духтар бехабар, ғарқи тамошои қаду қомати зебояш буд, ки баногоҳ духтар худро ба мавҷи пурталотуми дарё афканда, Зафарро ба тамом моту маҳбут сохт. Ў андешакунон то поёнтари дарё омаду худро ба об афканда, шинокунон то поёнтари дарё рафт ва рӯи мавҷ болову поён шудани ҷисми духтарро дид. Ҷавон охирин қувваташро ҷамъ намуда, аз мӯйҳои майдабофшудаи духтар қапида, ӯро ба сӯи худ кашид ва оғӯшкунон ба соҳил бароварда, бо дидани рӯяш ҳангаш канд.
Бовараш наомад, ки ин ҳамон Муқаддас, аз деҳаи ҳамсоя аст. Наход ин ҳамон Муқаддас бошад, ки замоне волаву шайдояш гашта буд?
Он замон Муқаддас чун парии афсонавӣ наздаш ҷилва дошту Зафар ӯро шоҳдухтари ишқи худ хонда буд. Аммо ҳоло чӣ? Кӣ ва чӣ Муқаддасро маҷбур сохта буд, то дасту дилашро аз дунё шӯяд? Духтар беист меларзиду мегирист ва «Чаро наҷотам додӣ?» -гӯён санги маломат ба сари Зафар мезад…
Муқаддас дар як ҳавлии калон ба воя расид, ки 15 оилаи мустақилро муттаҳид мекард. Ҳамаи келинҳо нохонда, ки буданд, тарбияи фарзандонашон ва масъулияти модар будани худро танҳо аз омода кардани таъому шустушӯву рӯбучин медонистанду халос. Духтарчаҳои ин ҳавлӣ, тамоман дар мактабҳо намехонданд. Муқаддас аз зиндагии маҳбусона дилтанг мешуд. Намехост, ки ӯро аз мактаб гиранд. Дар ин авлод ягона духтаре буд, ки то синфи 7 хондаву ба кӯча мебаромад. Бо баҳонаи овардани об дар лаби чашма бо дугонаҳояш сӯҳбат намуда, хушҳол мешуд. У хондан мехост, аммо ӯро зӯран аз мактаб хориҷ карданд. Дар мактаб ҳам касе аз муаллимонаш натавонист, бо эшонзодаҳо баҳс кунад. Ягона касе, ки монеъи хондани духтараш нашуд, падараш буд. Аммо падараш низ зидди бародари муллояш баромада натавонист. Дили Муқаддас хун мешуду ба падараш мегуфт: «Наход болои сар падару модар дошта бошаму амакам ба ман хуҷаинӣ кунад?» Падар назди духтараш дар хиҷолат буд. Гиря намекарду бас, аммо чӣ кунад, ки илоҷи дигаре надошт. Муқаддас аз ҷавонони ҳамсоядех ҳамин Зафарро дӯст медошт
Зафар бо ӯ дар як мактаб ва як синф боло таҳсил мекард. Яке аз дугонаҳояш шӯҳикунон ба Зафар, аз ишқи Муқаддас гӯшрас мекунад, аммо Зафар ҳисси бадбинию нафраташро нисбати ин авлод баён мекунаду Муқаддас инро шунида, дарун-дарун сӯхтаву дунё ба назараш тангу торик мегашт. Чун ки ӯ мехост бо дилдодааш оила бунёд карда, хушбахт зиндагӣ кунад. Охир, ӯ ҳам инсон асту ба бахти комил ҳақ дорад. Напаррандаи қафасӣ. Посухи Зафар Муқаддасро ноумед карда буд. Падараш низ намехост, ки духтараки 15 солаашро ба Аброри кал ба шавҳар диҳанд. Аммо бо вуҷуди кӯдакони ноқисулақл доштан ба ин авлод, аз қадимулайём, хонадор шудани хешу табор, ба ҳукми анъана даромада буд. У аз хурдӣ Аброрро бад медид, аммо ҳоло ба ў хостгор шуда омаданашро шунида, дар худ печид, гиристу-гирист ва ба Аброр фаҳмонд, ки бо тамоми ҳастияш бадаш мебинад. Лек Аброр парвое надошту гапи ӯро чун ҳазли духтарона қабул мекард. Муқаддас ба умеди ишқи Зафар буд ва рӯзе аз дугонааш мадад ҷӯст. Чун фаҳмид, ки Зафар духтари дигарро дӯст медорад, ноилоҷ монд ва қарор дод, ки худро ғарқ мекунад. Ҳамон рӯз бори охир аз дур ба қаду қомати Зафар нигаристу пайи мақсади хеш кӯшиш кард…
Қиссаи ишқи Муқаддасро шунида, Зафар андоми тап-тару аз хунукии фасли сармо ларзонашро ба оғӯш кашид. Чӣ лаззат дошт сӯхтанҳояшон ин лаҳзаҳо. Бо сафобахшии ишқи поку беолоиши ҳастии ҳамдигариро гармӣ ато намуда, ба ҳамдигар аҳди ишқу ошиқӣ мебастанду мегуфтанд, ки анъанаи авлодиро вайрон карда, тӯи хонадоршавиашонро барқарор менамоянд. Падари Муқаддас бахти духтарашро аз ҳама чизи дунё афзалтар ҳисобиду қонуни авлодиро барҳам зада, барои амалишавии орзуҳояшон мусоидат намуд. Ҳоло Муқаддасу Зафар худро хушбахттарини хушбахтҳо меҳисобанд. Онҳоро Худованд бо карами худ-атои писарчаи зебое мушарраф гардонд, ки номаш Мубориз аст.
Таснифи Отиф