Дидаву дониста даст задан ба ҷинояти дуздӣ рафтори нанговар мебошад.Мутаамсифона ҳастанд нафароне, ки қаблан чанд маротиба маҳз бо ҷинояти дуздӣ маҳкум шуда, аз ин хулосаи даркорӣ набароварда, боз ҷиноят содир менамоянд ва шаъну эътибори худу атрофиёнро бо ин кирдорҳои ҷинояткоронаашон паст мекунанд.
Чанд нафар аз сокинони ноҳияи Вахш ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуданд, ки аз манзилҳои истиқоматияшон молҳои арзишнокашон ҳадафи дуздон қарор гирифтааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як нафар сокини ноҳияи Данғара, Шомуродов Бобоҷон, соли таваллудаш 1982, пеш се маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дастгир гардид.
Зимни пурсиши гумонбаршуда маълум гардид, ки Шомуродов дар ҳудуди ноҳия шабона барои ба даст овардани фоидаи муфт ба дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр машғул гашта, аз аввалҳои моҳи июли соли сипаришуда то инҷониб вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон мегарадад ва молҳои арзишнок, аз қабили телефонҳои мобилӣ, дучархаҳо, маблағҳои пулӣ, либосҳои мардонаро ба яғмо мебарад, ки бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба ҷабрдидагон ба маблағи 25 000 сомонӣ зарари молиявӣ расонида аст.
Боздоштшуда дар панҷ ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Вахш нисбати Шомуродов Бобоҷон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.