Formula novemver 2024
ДУЗДИИ ГӮШВОРИ ТИЛЛОӢ ДАР РӮЗИ РАВШАН
4023


Бонувони тоҷик бо ору номуси зотӣ, рафтори ҳамида ва одобу ахлоқи накӯяшон шӯҳраи олам гаштаанд, аммо мутаасифона, солҳои охир як тоифа хонумҳои беандешае пайдо шудаанд, ки даст ба мардумфиребӣ, дуздию ғоратгарӣ, бадмастӣ ва ҳатто куштор зада, бо ин кирдору амалҳои номатлубашон ба номи неки зани тоҷик иснод меоранд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти боз як зан-духтари ҷиноятпеша хабар додааст.

Кормандони шӯъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат ҷавондухтари 20-солаи маҳаллиро бо иттиҳоми дуздӣ дастгир намуданд. Ин духтари ғоратгар рӯзи 28-сентябр бо макру фиреб аз гӯши духтарчаи 8-сола гӯшвораҳои тиллоияшро, ки 1300 сомонӣ арзиш доштанд, кашида гирифтааст.

Дар ҷараёни бозпурсӣ маълум шуд, ки ин нахустин амали дуздии ин ҷавондухтари тоҷик набуда, қаблаш гӯшвораҳои як духтарчаи 7-соларо низ рабудааст.
Дар ин синну сол духтарон бояд дар пайи омӯзиши илму маърифат, касбу кор ва бунёди оилаи солим бошанд, вале ишқи зару зевару пули муфт ин духтари ҷавонро ба роҳи пасти ғоратгарӣ кашонда, оқибат ба курсии ҷинояткорӣ нишонд.

Вақтҳои охир ҳодисаҳои нохуши кӯдакдуздӣ ва бо таҷовузу ғорат барин амалҳои даҳшатнок рӯ ба рӯ гаштани ноболиғон хеле зиёд шудаанд. Ашхоси худонотарсе ҳастанд, ки аз заъфи ҷисмонии кӯдакон, махсусан духтарбачаҳо истифода бурда, онҳоро ҳадафи хеш қарор медиҳанд, аз ҳамин хотир мо аз падару модарон хоҳиш менамоем, ки ба тарбияи фарзандони хеш, хоса духтарон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро лаҳзае ҳам бе назорат нагузоранд.

Фаромӯш накунед, ки фориғболию бепарвоии шумо метавонад ба сари фарзандатон ягон ҳодисаи нохушеро оварад, бинобар ин, масъулияти худро ҳамчун волидайн дар назди қонун, дар назди худо ва дар назди худи фарзандатон аз ёд набаред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД