arzon replenishment
ДУЗД КИСТ: ХУШДОМАНАМ Ё АВСУНАМ? ДОМУЛЛО ЧӢ МЕГӮЯД?
3984

 Ман як сол пеш арӯс шуда ба хонаи шавҳарам омадам. Зиндагиамон хуш мегузарад, шукри худо, соҳиби фарзанд ҳам шудем, аммо як чиз маро нороҳат месозад-ба ягон ҷой равам, баъди бозгашт чизу чораи хонаамро беҷошуда меёбам.

Чанд маротиба дар ин хусус ба шавҳарам гуфтам, аммо аҳамият надода, даст афшонд. Ман намедонам, ки ин кори авсунам аст ё аз хушдоманам. Туҳмат кардан хуб нест, аз ин рӯ ошкоро дар ин бора ба онҳо гуфта наметавонам. Дарамро қулф карда равам, онҳо хафа мешаванд. Хонандагони азиз ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Марҷона, н. Спитамен

ПОСУХИ ДОМУЛЛО:

Хушдоман ё аъзои оилаи ӯ ҳаққи кофтани хонаи келинро доранд? Ислом ба ин ҳаргиз иҷозат намедиҳад!

Дар ин масъала Худованд дар Қуръони азимушаън мефармояд, ки келин барои хусуру хушдоман ҳукми фарзандро дорад. Ҳамчуноне, ки духтари худро азиз медонаду эҳтиром мекунад, бояд келинашонро ҳам мисли ӯ азиз донанд, нисбаташ меҳрубон бошанд ва падаронаю модарона рафтор намоянд. Дигар ин ки ҳар чизе, ки дар хонаи келин аст, чиҳози шахсии ӯст ва бе ризогии келин хушдоман ҳаққи кофтан ва истифода бурдани онҳоро надорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД