Arzon march 2024
Дузд дар хоб
3121

Хоб дидам, ки аз сафар баргаштаам ва ба хона даромада дидам, ки дар вақти набуданам ба манзилам дузд даромада, либосҳоямро бурдааст. Ба ин аҳамият надодам, вале баъди чанд рӯз боз хоб дидам, ки ба хонаам дуздон даромада, либосҳои маро ба яғмо бурдаанд. Ростӣ, баъди ду бор пай дар пай дуздӣ хоб дидан хеле сахт нороҳат шудам. Мехоҳам донам, ки таъбири хобам чист?

Иброҳим

Бародари азиз! Дузд дар хоб ҳамчун рамзи шайтон ва ё вохӯрӣ бо ягон шахси ҳиллагару маккор тасвир ёфтааст. Тибқи маълумоти хобномаҳо дузд ба хона даромада, чизеро набарад, касе аз аҳли он хонадон ба беморӣ гирифтор шуда, сахт ранҷу азоб мекашад, вале билохира аз марг наҷот меёбад, аммо дузд чизеро барад, ин чандон фоли хуб нест.

Тавре ки хобномаҳо мегӯянд, кас хоб бинад, ки ба манзилаш дузд даромада, пулу мол, зару зевар ё ягон ганҷи дигари қимматбаҳояшро бурдааст, чизеро аз даст медиҳад, ки арзиши хеле баланди руҳӣ ва маънавӣ дорад.

Ин як навъ ҳушдор аст, ки шахси хобдида ба роҳи каҷ қадам ниҳода, даст ба хиёнат ва зино зада истодааст ва ин рафтораш боиси аз даст рафтани беҳтарин ганҷи ӯ, ки имонаш мебошад, гашта, ба гирдоби гуноҳ ғуттавар шуда метавонад.

Хоб бинед, ки худи шумо бо нияти нопок ба манзили каси дигар даромада, чизеро дуздидаед, ба саратон ягон мушкилии ҷиддӣ меояд.

Дар хобатон ба хонаи ягон шиносатон дузд дарояд, донед, ки дар он манзил мусибати бузурге сар зада, касе аз аҳли он хонавода мемирад. Хоб бинед, ки ба хонаи худи шумо дузд даромад, шумо ӯро назорат карда истодаед, дар зиндагӣ хатои бузурге содир мекунед, ки бароятон хеле гарон меафтад.

Дуздро доштан дар хоб бисёр хуб аст. Хобномаҳо мегӯянд, шахсе, ки дар хобаш дуздро медорад, ягон шанси худро аз даст надода, соҳиби давлату сарвати бисёр мешавад ва дар ҳаёти шахсиаш низ муваффақ мегардад.

Дуздида шудани чизҳои шахсии инсон аз қабили сару либос, соат ва ғайра нишонаи он аст, ки дар ҳаёт касе шахси хобдидаро фиреб карда истодааст. Бояд он шахсро пайдо кунед, дар акси ҳол зарари калони молиявӣ дида, осудагии худро аз даст медиҳед.

Аммо хоб бинед, ки чизи дузд бурдаро ёфтаед, бо меҳнати ҳалоли худ соҳиби боигарии зиёд мегардед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Руслан 2023-08-04, 08:27
Хоб дидам ки тахтаҳои гури бародарамро дуздидаанд илтимос таъбири ин хобро мегуфтед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Руслан 2023-08-04, 08:27
Хоб дидам ки тахтаҳои гури бародарамро дуздидаанд илтимос таъбири ин хобро мегуфтед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД