arzon replenishment
Якзанаро як бари рӯяш сиёҳ, дузанаро ду бари рӯяш (ҚИСМИ 3)
1372

 

Талоқ ва оқи падар

Худойдод хуб медонист, ки Нозанин шӯхӣ намекунад. Тамоми давлату сарвати вай аз пушти падари мансабдор ва бародарони сарватманди ҳамсари шаҳриаш буд ва намехост зани зебояшро сар дода, кафангадо шуда монад. Вай ба хулосае омад, ки беҳтараш Зарринаро талоқ дода, аз ҷангу ҷанҷол халос мешавад.

Бо ҳамин ният вай рӯзи дигар роҳи деҳаро пеш гирифт ва шаб дар сари дастурхон назди падару модараш иқрор шуд, ки дар шаҳр зани дигар дорад.

- Занам гул барин зебо аст, бар замми ин, мо аллакай ду фарзанд дорем. Касе хабар бурдааст, ки ман дар қишлоқ зану фарзанд дорам. Зани шаҳриам қиёматро қоим карда истодааст, ки талоқи маро медиҳӣ ё аз баҳри зани деҳотиат мегузарӣ. Ман Нозанинро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва бе вай зиндагӣ карда наметавонам. Талоқи Зарринаро медиҳам,- сарашро аз замин набардошта, гуфт Худойдод.

Бо шунидани ин гап хун ба сари падараш зад. Бобои Ашӯр бо ғазаб ба писари эркааш нигариста, гуфт:

- Заррина барои мо келин не, мисли фарзанд аст. Ту дар як моҳ як ё ду бор омада, мисли меҳмон як шаб меистию меравӣ, вале ин духтар солҳост, ки хизмати моро мекунад. Мо келини аз дар берун мекардагӣ надорем. Дониста мон бача, агар Зарринаро талоқ диҳӣ, костюматро сари китфат гирифта, баромада меравӣ. Ин хона ба келину набераҳоям мемонад...

Худойдод, ки то он лаҳза боре ҳам аз падару модараш ягон гапи сахт   нашунида буд, ба ғазаб омад ва ”хонаатон ба худатон насиб кунад. Зарринаро се талоқ кардам! Метавонед бо келини дӯстдоштаатон зиндагӣ кардан гиред” гӯён, занашро, ки 5 фарзанд дошт ва тифли шашумашро интизор буд, бо шиками дамида талоқ дода, дар ҳамон нимаи шаб роҳи шаҳрро пеш гирифт...

- Барои як зани олуфтаи шаҳрӣ шуда, ту аз баҳри падару модар ва зану фарзандонат мегузарӣ?! Оқат кардам. Оқат кардам. Дигар Худойдод гуфтагӣ писар надорам!,- фиғон кашид аз паси вай падараш, вале Худойдоди мағруру худпараст ба пасаш ҳатто нимнигоҳе ҳам накард...

Шикасти бахти дуюм

Ҳамин тавр, Худойдод ҳамсарашро талоқ дода, муносибаташро бо падару модар ва апаҳояш низ тамоман канд. Акнун вай тамоми ҳастиашро ба зану фарзандони шаҳриаш бахшида, барои Нозанин ва кӯдаконаш тамоми шароитҳоро муҳайё мекард, вале тавре ки мегӯяд, оҳи дили бевазану тифлакони ятим аз домони кас мегирад. Зиндагии хушбахтонаи Худойдод ва Нозанин баъди аз Заррина ҷудо шуданаш дер давом накард.

Падари Нозанин, ки аслан аз тоҷикони Бухоро буд, қарор дод, ки ба ватани аҷдодиаш кӯчида, тамоми фарзандонашро низ бо худ мебарад. Нозанин ба Худойдод пешниҳод кард, ки хонаро фурӯхта, ҳамроҳи онҳо ба Бухоро кӯч банданд, вале Худойдод розӣ нашуда, гуфт:

- Ба хотири ту ман аз баҳри падару модар ва зану фарзандонам гузаштам, вале аз баҳри Ватанам гузашта наметавонам. Бигзор падару модарат кӯчида раванд, ману ту дар Тоҷикистон мемонем ва соле як-ду маротиба онҳоро хабаргирӣ меравем...

Нозанин аввал ба гуфтаҳои шавҳараш розӣ шуд, вале падараш ба ҷону ҳолаш намонда, талаб мекард, ки ҳамроҳи онҳо равад. Ҷавонзан ба рӯйи падару модараш по мондан нахоста, ошкоро гуфт, ки агар Худойдод ҳамроҳи онҳо кӯчидан нахоҳад, бе ҷангу ҷанҷол, хушӣ ба хушӣ аз ҳам ҷудо мешаванд.

Худойдод бо шунидани ин суханон қариб девона шуда, дод зад: “Нозанин, оқибати корро андеша кун, охир мо ду фарзанд дорем ва ту боз ҳомиладор ҳастӣ, чӣ хел дилат мешавад, ки се фарзандатро бе падар гардонӣ?! Фикри маро намекунӣ, ақаллан фикри ояндаи фарзандонамонро кун...”.

Аммо Нозанин бепарвоёна ҷавоб дод: “Ҳеҷ гап не, ҳазорон кӯдакон бе падар монда, аз гуруснагӣ намурдаанд. Фарзандони ман ҳам калон мешаванд. Худам ҳам падар мешаваму ҳам модар ва онҳоро бо гули чиз калон мекунам!”.

Бо шунидани ин суханон аз забони зани дӯстдоштааш дили Худойдод аз Нозанин ях барин хунук шуд ва “ихтиёр дорӣ” гӯён, барои ҷудо шудан розигӣ дод.

Ҳамин тавр, онҳо тариқи суд аз ҳамдигар ҷудо шуда, никоҳашонро бекор карданд. Азбаски Худойдод бо Нозанин ЗАГС карда, ақди никоҳи расмӣ дошт, дороии тӯли солҳо ҷамъ овардаашро суд тақсим кард. Бо дарназардошти ҳиссаи кӯдакон қисми зиёди молу амвол ба Нозанин ва бачаҳояш расид.

Ҳамин тавр Худойдод аз зани дуюмаш низ ҷудо шуда, ба қавле бекафан шуда монд...

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД