Arzon march 2024
Душвориҳои зиндагӣ Инобатро соҳибкор кард
1336

 

Инобат Раҷабова сокини ноҳияи Вахш буда, чандин сол боз бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад. Маҳз душвориҳои зиндагӣ ӯро маҷбур намудаанд, ки рӯ ба соҳибкорӣ оварад. Шавҳарашро дар ҷанги бародаркуш ба қатл расониданд ва ин зани қавиирода ба хотири хору зор ва муҳтоҷ нагаштани кӯдаконаш мағозаи валангореро ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориро оғоз намудааст.

Тавре худи Ибодат Раҷабова зимни суҳбат бо мо гуфт, соли 2016 ӯ ҳамагӣ 10 ҳазор сомонӣ гранти Президентӣ гирифта буд, вале бо шарофати талош ва заҳматҳои шабонарӯзӣ тавонист доираи тиҷораташро сол то сол васеътар гардонида, соҳиби ошхонаи хусусӣ-тезтайёр, сехи қаннодӣ ва маркази омӯзишӣ гардад.

“Ман шогирдони зиёде дорам. Шодам, ки дар тӯли фаъолиятам ба зиёда аз 500 нафар занону духтарони деҳотӣ ҳунари худро ёд дода тавонистам”,- мегӯяд Инобат Раҷабова ва таъкид мекунад, ки зан бояд ҳатман касбу ҳунар омӯзад, то тавонад дар ҳама ҳолат бо роҳи ҳалол ризқу рӯзии худро пайдо намуда, мустақилияти иқтисодӣ ба даст орад ва пеши касе муҳтоҷ нагардад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД