Аз Киштутӣ пурсиданд:
- Такаббур чист?
Гуфт:
- Душман дар ҷомаи дӯст ва сифаташ мунофиқию худпарастию беэҳтиромӣ ба дигарон.
Пурсиданд:
- Ба ин гуфта чӣ далел дорӣ?
Гуфт:
- Дар ояти Қуръон (сураи Бақара, ояти 34) омадааст, ки шайтон ба сабаби такаббур аз фармони Худо сарпечӣ кард ва тавқи лаънат ба гарданаш афтод.
Боз пурсиданд:
- Такаббурро бо чӣ метавон иваз кард?
Гуфт:
- Тавозуъ ва хоксорӣ, ки сифатҳои дӯстдоштаи Худоянд.
Мутакаббире, ки дар он суҳбат ҳузур дошт, кайк дар пӯстинаш афтод ва пурсид:
- Агар иваз накардӣ, оқибаташ чӣ хоҳад буд?
Гуфт:
- Он чӣ дар ҳадисҳои паёмбар Муҳаммад (с) омадааст: "Ҳар касе, ки дар дил ҳатто ба андозаи заррае ҳам бошад, такаббур дошта бошад, биҳишт ҷойи ӯ нест".