Вақте ҷавонзан ба муоинаи тифлаш ба назди духтур меояд, ӯ барои муоинаи кӯдак дастпушак талаб мекунад ва инро бояд худи бемор харидорӣ кунад. Модар барои харидани дастпушак ба дорухона меравад ва тифлро назди духтаре мегузорад.
Вақте аз он тараф бармегардад, на тифл асту на духтар.
Тавре хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба шоҳидони худ хабар додааст, ки рӯзи 30 ноябр аз Маркази саломатии №13, ки бо поликлиникаи №1 маъруф аст, зани ношиносе кӯдаки ширмакро дуздидааст. Духтурони ин марказ гуфтаанд, ки ин ҳодиса тақрибан соати сеи рӯз рух додааст. Шоҳидон ҳодиса чунин нақл кардаанд:
“Вақте ҷавонзан ба муоинаи тифлаш ба назди духтур меояд, ӯ барои муоинаи кӯдак дастпушак талаб мекунад ва инро бояд худи бемор харидорӣ кунад. Модар барои харидани дастпушак ба дорухона меравад ва тифлро назди духтаре мегузорад. Вақте аз он тараф бармегардад, на тифл асту на духтар.”
Баъд аз хабари мазкур кормандони оперативӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе соати 4.20 дақиқаи саҳар гумонбаршаванда берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир ва кӯдаки навзоди 2 моҳа сиҳату саломат пайдо карда шудааст.
Тафтиш муайян кард, ки ҷавонзани 29 сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Кампирқалъа буда, ҳамчун гумонбар дастгир карда шудааст.
Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Ахмедова Нигора тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.