Душанбе беҳтарин шаҳри варзишии сол ва Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе беҳтарин иншооти варзишӣ эълон шуданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз, 17-уми феврал дар шаҳри Душанбе маросими тантанавӣ баргузор гашта, беҳтаринҳо дар соҳаи варзиш дар соли 2024 муайян ва қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷумла:
1. Сомон Маҳмадбеков - беҳтарин варзишгар (ҷудо, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё).
2. Темур Раҳимов - беҳтарин варзишгар (ҷудо, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024 ва Чемпионати Осиё).
3. Давлат Болтаев - беҳтарин варзишгар (бокс, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024).
4. Лоиқ Қудбиддинов - беҳтарин варзишгар дар байни ҷавонон аз рӯи навъҳои варзаши олипмӣ (ҷудо, медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон) эълон карда шуданд.
Дар байни бонувони варзишгари навъҳои олимпӣ:
Абдуллоева Фариноз - беҳтарин варзишгар (бокс, медали тилои Чемпионати Осиё) ва миёни бонувони варзишгари навъҳои ғайриолимпӣ:
Ясмина Ан-Нимр - беҳтарин бодибилдинг (чемпиони дукаратаи ҷаҳон) дониста шуданд.
Беҳтарин даста, мураббӣ ва муассисаҳои варзишӣ:
Тими миллии футзали Тоҷикистон беҳтарин дастаи варзишӣ эълон гардид.
Суҳроб Абдураҳмонов (гӯштини ҷудо), Маҳмадбеков Фотеҳ ва Бабаҳҷонов Алӣ беҳтарин муррабӣ дониста шуданд.
Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ва Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 (бокс) беҳтарин мактабҳои варзишӣ эълон шуданд.