Бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ ва беҳтар намудани шароити таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Британияи Кабир, дар шаҳри Бирмингем вохӯрии намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо роҳбари бахши Барномаи омодагии академӣ (Foundation)-и Донишгоҳи Бирмингем баргузор гардид.
Бино ба иттилои Маркази “Дурахшандагон”, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби довталабони лаёқатманд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таҳсил ва дастгирии академии донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар идома, намояндаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин донишгоҳ тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таҳсил доранд, вохӯрӣ анҷом додааст. Намояндаи Марказ аз хобгоҳҳо, синфхонаҳо ва инфрасохтори таълимии муассиса аз наздик дидан карда, бо шароит ва муҳити таҳсили донишҷӯён шинос гардидааст.
- Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Бирмингем асосан дар ихтисосҳои сохтмон, муҳандисӣ, технологияи иттилоотӣ ва соҳаҳои марбут ба рушди устувор таҳсил менамоянд,- меафзояд манбаъ.