sebiston july new
Дурагакунӣ ҳаром аст?
735

 

Домуллои муҳтарам! Чанде пеш хонда будам, ки зотпарварӣ, яъне селексия, ба вуҷуд овардани навъҳои нави растанӣ, паррандаҳо ва ҳайвоноти дурага барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ғайра ҳаром аст.

Мехостам бидонам, ки оё ин воқеан ҳаром аст?

Муродҷон

 Посухи намояндаи Раёсати Фатвои ҶТ

Бародари азиз, дар масъалаи ҳукми гўшти ҳайвони дурага фақеҳон назари мухталиф доранд. Мурод аз ҳайвони дурага он ҳайвонест, ки аз ду ҷинси мухталиф таваллуд шудааст, мисли хачир, ки модараш асп ва падараш хар мебошад. Назари фиқҳи ҳанафӣ ин аст, ки модари ҳайвони дурага мавриди эътибор аст, яъне ҳайвони дурага тобеъи модараш аст, на падараш. Пас, агар гўшти модари ҳайвони дурага ҳалол, масалан буз ва гўшти падараш ҳаром, ба таври мисол саг бошад, чунин ҳайвони дурага ҳукми модарашро мегирад ва хўрдани гўшташ ҳалол мешавад. Қобили зикр аст, ки гўшти хачир дар мазҳаби ҳанафӣ ба иҷмоъ ҳаром мебошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД