Салом хонандагони “Оила”! Хонандаи ҳамешагии сомона ҳастам ва имрӯз мехоҳам дарди диламро бо шумо қисмат намоям.
Замоне ошиқ будам, ошиқи Сайёд ном ҷавоне, ки хеле ҳусни дилкаш дошт. Ҳамдигарро чунон дӯст медоштем, ки шояд Маҷнун Лайлиро ин қадар дӯст намедошт. Ошиқам ду маротиба ба хонаамон хостгор фиристод, аммо падарам хостгории онҳоро напазируфта, маро ба писари раиси маҳаллаамон доданӣ шуд.
Илоҷи дигар наёфта, ба хулосае омадем, ки пеш аз тӯй аз хона фирор мекунем. Сайёд ба касе чизе нагуфта, дуто чиптаи ҳавопаймо хариду мо ба Маскав парвоз намудем. Бе розигии волидонамон ду сол бо ҳам зиндагӣ карда, соҳиби духтарчаи зебое гаштем. Тариқи вайбер аз духтари холаам фаҳмидам, ки падарам маро оқ кардааст.
Бо шунидани ин хабар орому қарорро аз даст додам. Шавҳарам дар барам буд, вале ҳар шаб хобҳои даҳшатангез дида, додгӯён бедор мешудам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дар мулки ғурбат ба сарам боз як фоҷиаи бузург омада, маро руҳан шикаст.
Тоссарҳо барои пул шуда, шавҳарамро куштанду ҷасадашро дар ҷангал партофтанд. Бо шунидани ин шумхабар дастонам аз осмону поям аз замин канда шуд, сарҳисоби зиндагиро гум карда, ба куҷо рафтану аз кӣ мадад пурсиданамро намедонистам. Ба хонаи падарам баргашта наметавонистам, чунки хуб медонистам, волидону бародаронам ба хуни ман ташна ҳастанд. Хайрият, ки ба хотири тифли дастам падару модари Сайёд маро соҳибӣ карданд, вагарна дар мулки бегона бе кафан мемурдам.
Аз минбари “Оила” ба падару модароне, ки мисли волидони ман зидди хушбахтии фарзандонашон мебароянд, гуфтаниям: Аз хурдон хатою аз бузургон ато гуфтаанд, ҳеҷ гоҳ барои як хато шуда, фарзандатонро дуои бад накунед. Падару модари ман, агар дар вақташ якравӣ накарда, маро ба дӯстдоштаам ба шавҳар медоданд ва бо обрӯ ба хонаи бахтам гусел мекарданд, шояд имрӯз Сайёди ман дар барам зиндаву саломат мебуд ва фарзандам бе падару худам дар ба дар намешудам. Қиссаи зиндагии ман бояд ба дигарон дарси ибрат шавад.
Муҳаббат, ш. Москва